"Афроди Толибон" се пизишкро дар ҷануби Афғонистон рабуданд

Дӯстмуҳаммади Ноёб, сухангӯйи волии вилояти Урузгон дар ҷануби Афғонистон эълом кард, ки афроди мусаллаҳи вобаста ба гурӯҳи Толибон се пизишки афғон ва ронандаи ононро рабудаанд.
Ба гуфтаи ӯ се пизишк бидуни ҳамоҳангӣ бо нерӯҳои амниятии афғон дар вулусволии Урузгон дар минтақаи Ошир дар ҳоли сафар буданд, ки тавассути афроди гурӯҳи Толибон рабуда шуданд.
Рабудашудагон барои муассисаи беҳдошт ва тавсеъаи Афғонистон кор мекарданд. Ин муассиса дар манотиқи ноамни Афғонистон фаъъолият дорад.
Оқои Ноёб афзуд, ки акнун амалиёти нерӯи амниятии афғон барои раҳоии ин афрод оғоз шудааст.
Ҳарчанд, ки мақомоти амниятии вилояти Урузгон гурӯҳи Толибонро масъули ин кор медонанд, аммо то кунун ин гурӯҳ ба сурати расмӣ дар бораи таъйид ва ё радди ин мавзӯъ ибрози назаре накардааст.
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ва вазорати беҳдошти Афғонистон борҳо аз ҷиноҳҳои даргир дар ҷанги Афғонистон мусирона хостаанд, то монеъ аз ироаи хадамоти беҳдоштӣ ба шаҳрвандони афғон нашаванд.
Дар рӯзҳои гузашта мақомоти давлати Афғонистон эълом карда буд, ки гурӯҳи Толибон монеъ аз иҷрои тарҳи воксиносиюни саросарии фалаҷи кӯдакон дар вилояти Ҳилманд дар ҷануби Афғонистон шудааст.
Гурӯҳи Толибон бо радди ин иддаъо гуфта буд дар сурате ба кормандони беҳдошт иҷозаи фаъъолият дар ин минтақаро медиҳад, ки ин кормандон бо ҳамоҳангии комил бо афроди гурӯҳи Толибон амал кунанд.
