Кушта шудани 7 ғайринизомӣ дар инфиҷори чанд бумб дар ҷануби Афғонистон
Ба асари чанд инфиҷор дар вилояти Урузгон дар ҷануби Афғонистон дастикам ҳафт ғайринизомӣ ба шумули чаҳор кӯдак кушта шудаанд.
Пулиси Урузгон гуфтааст, ки кушташудаҳо ҳама ғайринизомӣ ҳастанд ва дар ин инфиҷор чаҳор нафари дигар ҳам захмӣ шудаанд.
Фарид Оил, сухангӯи пулиси Урузгон ба Би-би-сӣ гуфт, ки субҳи имрӯз чанд ғайринизомӣ дар минтақаи Сароби ноҳияи "Чорчин"-и ин вилоят қурбонии инфиҷори як бумби ҷосозишуда дар канори ҷода шуданд. Ӯ гуфта, ки инфиҷор як мутурсиклетро ҳадаф қарор додааст.
Оқои Оил гуфт, ки дар ин рӯйдод ду кӯдак ба ҳамроҳи падарашон кушта шуданд ва як кӯдаки дигар захмӣ шудааст.
Урузгон аз вилоятҳои ноамн дар ҷануби Афғонистон аст, ки рӯзи гузашта ҳам саҳнаи чанд инфиҷор буд. Дар ин инфиҷорҳо чаҳор нафар ба шумули ду кӯдак кушта шуда ва се ғайринизомӣ захмӣ шудаанд.
То кунун масъулияти ин даста аз бумбгузориҳоро фард ва ё гурӯҳе дар Урузгон ба уҳда нагирифтааст, аммои пулис гурӯҳи Толибонро муқассири ин рӯйдод медонад.
Нерӯҳои амниятӣ гуфтаанд, ки гурӯҳи Толибон ба тозагиҳо дар вилояти Урузгон минҳои канори ҷодаӣ кишт кардаанд, ки қурбониёни бештари инфиҷорҳо ғайринизомиён будаанд.
