Интихоботи раёсати ҷумҳурии Тунис бидуни ҳизби наҳзат

  • 23 Ноябр, 2014
Image copyrightReuters
Image caption Тарафдорони ҳизби Нидои Тунис

Мардуми Тунис имрӯз (якшанбе) дар аввалин интихоботи раёсати ҷумҳурии он кишвар аз замони "баҳори арабӣ" дар соли 2011 ширкат мекунанд.

Баҳори арабӣ, ки дар Тунис оғоз шуд ва ба сарнагунии ҳукумати Зайнулобидин бин Алӣ анҷомид, сабаби қиёми мардумӣ дар чанд кишвари минтақа шуд.

Интихоботи порлумонии Тунис моҳи гузашта (октябр) анҷом шуд ва натиҷаи он интихобот шикасти ҳизби исломгарои муътадили Наҳзат ва пирӯзии ҳизби секулори Нидои Тунис буд.

Интихоботи раёсати ҷумҳурӣ 25 номзад дорад, аммо ду кондидои аслӣ Мунсиф Мазруқӣ, раиси ҷумҳури феълӣ ва Боҷӣ Қоид Ассабсӣ кондидои ҷиноҳи зиди исломгароён ҳастанд.

Тунис муваффақтарин кишвари минтақа пас аз таҳаввулоти баҳори арабӣ будааст ва бар хилофи Миср, Либӣ ва Сурия дучори хушунат ва ё ҷанги дохилии густарда нашудааст.

Ҳавзаҳои ахзи раъй соъати 8 субҳ ба вақти маҳаллӣ боз шуданд ва қарор аст соъати 6 аср баста шаванд.

Агар ҳеҷ кондидотурӣ дар даври аввали роъйгирӣ беш аз 50 дарсади ороро касб накунад, даври дувуми интихобот рӯзи 31 декабр анҷом хоҳад шуд.

Оқои Сабсӣ кондидои ҳизби Нидои Тунис, ки 87 сол син дорад ба далели пешинаи ҳамкории ду давлатҳои саркӯбгари Ҳабиб Бӯрақиба ва Зайнулобидин бин Алӣ пас аз ӯ мавриди интиқод қарор гирифтааст.

Ҳизби наҳзат, ки бозандаи интихоботи порлумонии моҳи гузашта буд, кондидотурӣ барои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ муаррифӣ накардааст.

Рошид Ғанушӣ, раҳбари Наҳзат гуфтааст, ки он ҳизб намехоҳад кишварро ду қутбӣ кунад ё дар он шикоф андозад.

Бо ин ҳол Тунис ҳануз бо таҳдиди терурисми дохилӣ ва хориҷӣ рӯбарӯст ва Лутфӣ бин Ҷиддав, вазири кишвар гуфтааст, ки афроди мусаллаҳи вобаста ба Алқоъида дар наздикии марзи Тунис бо Алҷазоир махфӣ шудаанд.

Ӯ гуфтааст ин афрод метавонанд "таҳдиди ҷиддии амниятӣ" барои Тунис талаққӣ шаванд.

Матолиби муртабит