Дороии раиси ҷумҳури сарнагуншудаи Тунис ба он кишвар бозгардонда шуд

Бахше аз дороиҳои раиси ҷумҳурии барканоршудаи Тунис ба он кишвар бозгардонда шудааст.
Дафтари раёсати ҷумҳурии Тунис эълом кардааст, ки давлати Лубнон маблағи бисту ҳашт миллиюну ҳаштсад ҳазор дулор мавҷудии ҳисоби бонкии мутаъаллиқ ба хонаводаи Зайнулобидин бин Алӣ, раиси ҷумҳурии собиқи он кишварро ба давлати Тунис таҳвил додааст.
Бар асоси ин гузориш чеке ба ин маблағ тавассути Алӣ бин Фатис Алмаррӣ, ҳуқуқдони қатарӣ ва маъмури вижаи Созмони Милал барои бозёбии амволи рабудашуда ба Мунсиф Марзуқӣ, раиси ҷумҳурии Тунис таслим шуд.
Зоҳиран ин маблағ дар ҳисобе мутаъаллиқ ба Лайло Таробулусӣ, ҳамсари оқои бин Алӣ назди як бонки лубнонӣ мавҷуд буд ва давлати Лубнон тибқи дархости гурӯҳи бозёбии амволи рабудашуда тавассути раҳбарони собиқи кишварҳои арабӣ онро ба Тунис бозгардондааст.
Созмони Милал Алӣ бин Фатис Алмарриро маъмур карда то дороиҳои раҳбаронеро, ки дар ҷараёни "баҳори арабӣ" сарнагун шудаанд, дар нуқоти мухталифи ҷаҳон шиносоӣ кунад ва ба ин кишварҳо боз гардонад.
Кашфи мавҷудии бонкии хонуми бин Алӣ дар Лубнон ва бозгардондани он ба Тунис аввалин маврид аз талоши оқои Алмаррӣ аст, ки ба натиҷа мерасад.
Ҳаракати эътирозии мавсум ба “Баҳори арабӣ” ибтидои соли 2011 бо баргузории тазоҳуроти эътирозӣ дар Тунис оғоз шуд ва дар муддате кутоҳ ба ҳукумати бисту се солаи Зайнулобидин бин Алӣ поён дод.
Канорагирии “диктотури ғарбгаро”
Чанд ҳафта пеш аз оғози тазоҳурот оқои бин Алӣ, ки аз ӯ ба унвони як диктотури тарафдори Ғарб ном бурде мешуд, аз мақоми худ канорагирӣ кард ва ҳамроҳи хонаводааш ба хориҷ гурехт.
Мухолифони Зайнулобидин бин Алӣ аъзои хонавода ва хешони ӯ, аз ҷумла ҳамсарашро ба сарватандӯзӣ муттаҳам карда ва гуфтаанд, ки тайи бисту се соли ҳукумати бин Алӣ ин афрод бо суиистифода аз мавқеъият, сарватҳои ҳангуфте касб карданд ва ба хориҷ интиқол доданд.
Ба гузориши хабаргузории Фаронса зоҳиран Зайнулъобидин бин Алӣ ва ҳамсараш дар ҳоли ҳозир дар Арабистони Саъудӣ ба сар мебаранд ва бародари Лайло Таробулусӣ, ки сарвати ҳагуфте ба даст оварда ва дар кишвараш таҳти пайгард аст, аз Конодо дархости паноҳандагӣ кардааст.
Мақомоти қазоии Тунис теъдоди дигаре аз бастагони раиси ҷумҳурии собиқро ҳам, ки аз кишвар гурехтаанд, ба фасоди молӣ муттаҳам карда ва дар садади ёфтан ва бозгардондани дороиҳои онон ҳастанд.
Давлати Тунис бо мушкилоти молӣ мувоҷеҳ аст ва бархе намояндагони порлумони кишвар давлати кунуниро ба таъаллул ва камкорӣ дар кашф ва бозгардондани амволи мақомоти собиқ муттаҳам кардаанд.
Мунсиф Мазруқӣ, раиси ҷумҳурӣ ахиран дар мусоҳибае гуфт, ки мақомоти режими собиқи он кишвар дар тули бисту се соли зимомдории бин Алӣ бо суиистифода аз мавқеъияти худ амволе ба арзиши поздаҳ миллиёрд дулорро рабуданд ва ба хориҷ мунтақил карданд.
