Эрон пас аз беш аз як даҳа бо сафари гузоришгарони ҳуқуқи башар мувофиқат кард

  • 12 Ноябр, 2014
Image copyrightTASNIM
Image caption Оқои Содиқӣ дар гуфтугӯ бо Тасним ва Форс ин хабарро додааст

Ҳодии Содиқӣ, муъовини фарҳангии қувваи қазоияи Эрон, аз мувофиқати мақомҳои эронӣ бо сафари ду гузоришгари ҳуқуқи башарӣ ба Эрон хабар додааст.

Оқои Содиқӣ дар як нишасти хабарӣ, ки ба таври муштарак тавасути хабаргузориҳои Тасним ва Форс анҷом шуда, зимни интиқод аз амалкарди Аҳмад Шаҳид, гуфтааст ду гузоришгари дигар соли ояндаи мелодӣ ба Эрон сафар мекунанд.

Ӯ гуфтааст: "Дар дидор бо раиси ҷадиди Шӯрои Ҳуқуқи Башар Эрон омодагии худро барои пазириши гузоришгарони мунсиф эълом кард ва қарор шуд дар ду мавриди тахассусӣ гузоришгарони тахассусӣ дар соли мелодии оянда вориди кишвар шаванд."

Оқои Содиқӣ ишорае ба заминаи тахассусии ин гузоришгар накардааст.

Аҳмад Шаҳид, ки аз тарафи Созмони Милал ба унвони гузоришгари вижаи ҳуқуқи башари Эрон таъйин шуда, то кунун натавонистааст барои таҳияи гузориши худ ба Эрон сафар кунад. Мақомҳои мухталифиэронӣ борҳо гузоришҳои ӯро башиддат зери савол бурдаанд.

Муъовини фарҳангии қувваи қазоия низ гуфтааст: "Гузоришгари вижаи кунунӣ, яъне Аҳмад Шаҳид, гузоришгари мунсифе нест ва маҷмӯъаи рафторҳо ва суҳбатҳои вай нишон дода ӯ нисбат ба Ҷумҳурии Исломии Эрон бетараф нест."

Эрон пеш аз ин низ ба бархе гузоришгарони ҳуқуқ башарӣ иҷозаи сафарро додааст, аммо ҳамакнун бештар аз як даҳа аз охирин мавриди онҳо мегузарад.

Мувофиқат бо сафари Мурис Копитурен, гузоришгари вижаи вақт, охирин маврид аз мувофиқат бо сафари ин гузоришгарон будааст. Оқои Копитурен аз соли 1996 гузоришгари вижаи ҳуқуқи башар дар заминаи Эрон буд. Маъмурияти ӯ дар соли 2002 поён ёфт. Ӯ ҷонишини Голин Дупл шуд, ки аз соли 1986 ин симматро бар уҳда дошт.

Аввалин гузоришгари ҳуқуқи башари Эрон низ Ондриёс Огуйилор буд, ки аз соли 1984 то соли 1986 дар ин мақом ҳузур дошт. Ҳар чаҳор гузоришгари вижаи ҳуқуқи башар аз адами ҳамкории мақомҳои эронӣ дар таҳияи гузоришашон интиқод кардаанд.

Матолиби муртабит