
Аз ду суи Ому: Тозатарин таронаҳои Тоҷикистон ва Афғонистон
14 Октябр, 2014 Ба рӯз шуда дар 17:39 +05
"Аз ду суи Ому" унвони барномаи ҳафтагӣ аст, ки рӯзҳои душанбе аз "Чашмандози бомдодӣ"-и родиюи Би-би-сӣ пахш мешавад.
Дар барномаи ин ҳафта тозатарин таронаҳои Баҳруллоҳ Ҳабибуллоҳ аз Тоҷикистон, Руъё Дӯст, Ориёнои Саид ва Мирвайси Ниҷробӣ аз Афғонистонро мешунавед.
Баҳруллоҳ Ҳабибуллоҳ тозатарин таронаашро ҳамроҳ бо паёме вижа ба шунавандагони "Аз ду сӯии Ому" тақдим кардааст.
Дар бахши пешкисватони барнома аз Мағфират Ҳамроҳқул, аз овозхонони баноми Тоҷикистон ёд мекунем, ки солҳост дар Омрико зиндагӣ мекунад.
Ин барнома дар бомдоди душанбеи 21 меҳр (13 октябр) дар "Чашмандози бомдодӣ"-и родиюи Би-би-сӣ пахш шудааст.
Барои шунидани сойири матолиби родиюи Би-би-сӣ ба сафҳаи родию муроҷаъа кунед.
