Пахши ин фойл дар дастгоҳи шумо пуштибнӣ намешавад

Аз ду суи Ому: Тозатарин таронаҳои Тоҷикистон ва Афғонистон

6 Октябр, 2014 Ба рӯз шуда дар 18:15 +05

"Аз ду суи Ому" унвони барномаи‌ ҳафтагӣ аст, ки рӯзҳои душанбе аз "Чашмандози бомдодӣ"-и родиюи Би-би-сӣ пахш мешавад.

Дар барномаи ин ҳафта тозатарин таронаҳои Фаридуни Хуршед аз Тоҷикистон ва Авасто ва Муртазои Иброҳимӣ аз Афғонистонро мешунавед.

Баҳроми Ғафурӣ аз Тоҷикистон ҳам бо паёме вижа як таронаи худро ба шунавандагони барнома тақдим кардааст.

Да бахши пешкисватони барнома ёде мекунем аз Хурмои Ширин ва Тоҷиддини Муҳиддин, овозхонони фақид аз гурӯҳи ҳунарии "Гулшан"-и Тоҷикистон.

Ин барнома дар бомдоди душанбеи 14 меҳр (6 октябр) дар "Чашмандози бомдодӣ"-и родиюи Би-би-сӣ пахш шудааст.

Барои шунидани сойири матолиби родиюи Би-би-сӣ ба сафҳаи родию муроҷаъа кунед.