Фаварони оташфишон дар Жопун беш аз 30 кушта бар ҷой гузошт
Image copyrightReutersБано бар гузоришҳо беш аз сӣ нафар дар асари фаварони ногаҳонии як оташфишон дар Жопун ҷони худро аз даст додаанд.
Гурӯҳи имдод аҷсоди ин кӯҳнавардонро дар наздики қуллаи кӯҳи Унтоке пайдо карданд.
Ҳудуди чиҳил нафар ҳам дар ин ҳодиса захмӣ шудаанд. Тасаввур мешавад, ки садҳо нафар дар атрофи қуллаи кӯҳи Унтоке гирифтор шуда бошанд.
Беш аз 200 куҳнаварди муваффақ шуданд аз маҳали ҳодиса дур шаванд ва худро ба пойини кӯҳ бирасонанд.
Гузориш шудааст, ки беш аз 500 нафар аз нерӯҳои пулис ва артиш барои имдодрасонӣ ба минтақа эъзом шудаанд.
Мақомоти маҳаллӣ гуфтаанд, ки ҳеликуптерҳои низомӣ муваффақ шудаанд, ҳафт нафарро дар доманаҳои кӯҳи Унтоке наҷот диҳанд.
Бархе аз афроди наҷотёфта мегӯянд, ки рехтани хокситари оташфишонӣ аз осмон танаффусро барои онҳо бисёр душвор карда буд.
Манотиқе аз кӯҳи Унтоке зери 20 сантиметр хокистар дафн шудаанд ва ба гуфтаи шабакаи телевизиюни миллии Жопун - NHK - ҳафт нафар зери ин хокистар дафн шудаанд.
Охирин инфиҷори оташфишони кӯҳи Унтоке, ки дар 200 килуметрии ғарби Тукию, пойтахти Жопун қарор дорад, дар соли 2007 будааст.
