Тӯфони "Ман-И" манотиқи марказии Жопунро зери об кард
Тӯфони "Ман-И" ба Жопун расида, ки ба асари ҳаракати он садҳо ҳазор нафар ба манотиқи амн мунтақил шуда, садҳо парвози ҳавопаймо лағв шуда ва ҳазорон хона зери об мондаанд.
Ин тӯфон бо суръати 55 килуметр дар соъат ҳаракат мекунад ва интизор меравад то шоми имрӯз ба ҷазоири Курил, дар қаламрави Русия бирасад. Дар ин ҷазоир ҳам ба мардум дар бораи тӯфон ҳушдор дода шудааст.
Дар вилоёти марказии Жопун шаби гузашта борандагии камсобиқа мушоҳида шудааст.
Барои беш аз чаҳорсад ҳазор аз сокинони навоҳии Сиго, Кюту, Хюгу дар ҷазираи Хунсю мусирран тавсия шудааст, ки хонаҳои худро тарк кунанд ва ба манотиқи амн бираванд.
То кунун талафоте аз ин тӯфон гузориш нашудааст.
