Бозгушоии комили бахши кунсулии сафорати Эрон дар Ландан
Image copyrightGettyМуҳаммадҳасан Ҳабибуллоҳзода, кордори ғайримуқими Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Бритониё ба хабаргузории Меҳр гуфтааст, ки ҳудуди як моҳ аст ки "бахши кунсулии сафорати Эрон дар Инглис ба сурати комил бозгушоӣ ва куллияи хадамоти кунсулӣ ба эрониёни муқим ироа мешавад."
Оқои Ҳабибуллоҳзода ҳамчунин гуфтааст, ки кори дафотири ҳифозати манофеъи Эрон ва Бритониё поён гирифта ва "равобити ду кишвар ба сурати мустақим дунбол мешавад."
Аммон ҳофизи манофеъи Эрон дар Бритониё ва Суэд ҳофизи манофеъи Бритониё дар Эрон буд.
Ба дунболи ҳамлаи басиҷиҳо ба сафорати Бритониё ва боғи Қулҳак дар Теҳрон Бритониё дастури таътилии фаврии сафорати Эрон дар Ланданро содир кард ва 48 соъат ба диплумотҳои эронӣ фурсат дод, ки хоки Бритониёро тарк кунанд.
Дар меҳри соли 1392 (2013) ва дар пайи тамоси телефунии Муҳаммадҷаводи Зариф ва Уилиём Ҳейг Эрон ва Бритониё тавофуқ карданд, ки дар Ландан ва Теҳрон кордори ғайримуқим таъин кунанд.
Вузарои хориҷаи Бритониё Оҷӣ Шорморо ба унвони кордори ғайримуқими Бритониё дар Эрон муъаррифӣ кард ва ҳамзамон Муҳаммадҳасани Ҳабибуллоҳзода ба унвони кордори ғайримуқими Эрон дар Бритониё таъин шуд.
Оқои Ҳабибуллоҳзода мегӯяд: "Барои бозгушоии комили сафоратхонаҳо масоиле байни ду кишвар вуҷуд дорад, ки бояд дар ин маворид тафоҳум кунем."
