Оғози тарҳҳои ҷадиди Иттиҳодияи Урупо дар Тоҷикистон

  • 5 Феврал, 2014

Иттиҳодияи Урупо барои иҷрои панҷ тарҳ дар Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди як милюну чаҳор сад ҳазор юру сармоягузорӣ кардааст.

Тибқи иттилоъияе, ки намояндагии ИУ дар Тоҷикистон интишор дод, яке аз аз ин тарҳҳо барои хонаводаҳои муҳоҷирон аст, ки аз ҷониби як созмони донморкӣ (DanskChurchAid – DCA) иҷро мешавад.

Муассисаи Гузоришгарӣ дар бораи Ҷанг ва Сулҳ, созмоне бритониёӣ якҷо бо Маркази пажӯҳишҳои рӯзноманигории Тоҷикистон ва созмони “Перспектива+” тарҳе сесоларо дар заминаи тақвияти расонаҳо ва ҷомеъаи маданӣ ва ҳимоят аз ислоҳоти демукротик оғоз кардаанд.

Тарҳи дигар ба дифоъ аз ҳуқуқи маҳбусон рабт дорад, ки аз сӯйи як созмони олмонӣ ва ду шарики маҳаллии он – Идораи ҳуқуқи башар ва созмони “Ҷаҳон” иҷро мешавад. Ин тарҳ дар шаҳри Норак, ҷое ки маҳбаси занон воқеъ аст ва дар шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд ва Қурғонтеппа дар зарфи 24 моҳ иҷро мешавад.

Тарҳи дусолаи созмони байналмилалии Интернэшнл Алерт “Эъмори пулҳо: Баланд бардоштани нақш ва зарфияти ҷомеъаи маданӣ дар равандҳои демократиза дар Тоҷикистон” номгузорӣ шудааст.

Ҳадафи тарҳи дусолаи дигар, ки бештар ба масоили паноҳҷӯён ва афроди бидуни шаҳрвандӣ рабт дорад, аз таъмини кумакҳо ба паноҳҷӯён дар шароити фавқулъода иборат аст.

Иттиҳодияи Урупо аз соли 1992 ба ин сӯ беш аз 600 милюн юру ба Тоҷикистон кумак кардааст.