Ҳушдори амниятии Иёлоти Муттаҳида ба шаҳрвандонаш дар дохилу хориҷ аз Омрико

  • 26 Сентябр, 2013
Image caption Дар як соли гузашта дар пайи таҳдидҳои амниятӣ, Омрико бархе аз сафоратхонаҳояшро ба таври муваққат таътил кардааст

Вазорати умури хориҷаи Иёлоти Муттаҳида дар бораи "иқдомот ва хушунатҳои теруристӣ" тавассути Алқоъида ва дигар гурӯҳҳои шибҳинизомӣ алайҳи шаҳрвандонаш як ҳушдори амниятии ҷаҳонӣ додааст.

Вазорати хориҷаи Омрико ба шаҳрвандони ин кишвар дар сартосари ҷаҳон ҳушдор додааст, ки эҳтиёти фаровон ба харҷ диҳанд.

Ин иттилоъия мегӯяд эҳтимол дорад Алқоъида ва дигар гурӯҳҳои мушобеҳ дар нуқоти мухталифи ҷаҳон дар ҳоли барномарезӣ барои ҳамла ба манофеъи Омрико бошанд.

Ин ҳушдори густарда мегӯяд эҳтимоли ҳамлаи шибҳинизомиён ба рӯйдодҳои варзишӣ, дафотир, ҳутелҳо ва хеле дигар аз амокин вуҷуд дорад.

Давлати Омрико ҳушдор дода, ки ин ҳамалот мумкин аст шомили аммалиёти интиҳорӣ, терур, одамрабоӣ, ҳавопайморабоӣ ва бумбгузорӣ бошад.

Дар ин иттилоъия мушаххасан ба Урупо, Осиё, Офриқо ва Ховари Миёна ишора шудааст.

Аҳдофи эҳтимолии дигар шомили манотиқи маскунӣ, дафотири идорӣ, ҳутелҳо, бошгоҳҳо, рестуронҳо, амокини ибодӣ, мадрасаҳо, амокини умумӣ, марокизи хариду дигар манотиқи гардишгарӣ ҳам дар дохили Иёлоти Муттаҳида ва ҳам дар хориҷ аз он ки шаҳрвандони омрикоӣ ба таври анбӯҳ дар он гирд меоянд", эълом шудаанд.

Вазорати умури хориҷаи Омрико дар ин бора ҳамалоти қаблӣ ба шабакаи ҳамлу нақли умумӣ ва манотиқи гардишгарӣ дар Маскав, Ландан, Ню-Йуркро ёдоварӣ кардааст.

Ин вазоратхона дар бораи таҳдиде аз ҷониби гурӯҳҳои ба номи "Ҳизби Инқилоби Озодии Халқ" дар Урупо ишора карда, ки дар моҳи феврал ба сафорати Омрико дар Онкорои Туркия ҳамла кард ва тибқи ин иттилоъия, эълом кардааст бино дорад ҳамалоти дигаре ҳам сурат диҳад.

Вазорати хориҷаи Омрико ҳамчунин аз "иттилоъоти мувассақ" навиштааст, ки бар асоси онҳо, гурӯҳҳои теруристӣ дар пайи ҳамла ба манофеъи Иёлоти Муттаҳида дар Ховари Миёна ва шимоли Офриқо будаанд.

Ба шаҳрвандони омрикоӣ дар бораи вуқӯъи иқдомоти теруристӣ дар Лубнон, Ироқ, Алҷазоир, Либӣ, Арабистони Саъудӣ ва Яман ҳушдор дода шудааст.

Вазорати хориҷаи Омрико мегӯяд пеш аз ин ҳамалоте дар Покистон, Афғонистон ва Ҳиндустон рух додааст в ҳушдор дода, ки нооромиҳои иҷтимоъӣ дар ин кишварҳо метавонад таҳдид барои мусофирон бошад.

Дар ин баёния ҳамчунин дар бораи эҳтимоли таҳдиди шаҳрвандони омрикоӣ дар миёни нооромиҳои иҷтимоъӣ ва тазоҳуроти хушунатомез дар Миср, Сурия ва Тунис низ ҳушдор дода шудааст.

Давлати Омрико дар ин бора ба ҳамлаи рӯзҳои гузашта дар як маркази харид дар Норубӣ ишора кардааст, ки беш аз 60 кушта бар ҷо гузошт.

Пеш аз ин ҳамла, ба шаҳрвандони омрикоӣ ҳушдор дода шуда буд, ки ҳамалоте тавассути гурӯҳи сумолиёии Шабоб ва як ҳамла тавассути гурӯҳҳои теруристӣ дар Молӣ дар ҷараён аст.

Вазорати умури хориҷаи Омрико гуфтааст марокизи давлатии Иёлоти Муттаҳида дар саросари ҷаҳон дар вазъияти ҳушдори шадид боқӣ мемонанд.

Матолиби муртабит