Ҳомиди Карзай барои густариши равобити сиёсӣ ва амниятӣ ба Чин сафар кард

  • 25 Сентябр, 2013
Image caption Густариши равобити сиёсӣ, амниятӣ, низомӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ аз мавзӯъоти аслии мавриди баҳси оқои Карзай ва мақомҳои чинӣ хоҳад буд

Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон, дар сафаре чаҳоррӯза барои "густариши равобити сиёсӣ, амниятӣ, низомӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ" бо Чин озими Пекан шудааст.

Дафтари оқои Карзай дар иттилоъияе навиштааст, ки раиси ҷумҳурии Афғонистон ба даъвати Шӣ Ҷингпинг, раиси ҷумҳурии Чин, ба он кишвар сафар карда ва Рангин Додфар Сипанто, мушовири амнияти миллӣ ва Ваҳидуллоҳ Шаҳронӣ, вазири маъодин, ӯро ҳамроҳӣ мекунанд.

Имал Файзӣ пеш аз сафари оқои Карзай дар Кобул ба хабарнигорон тавзеҳ медод, гуфт: "Раиси ҷумҳур дар ҷараёни ин сафари расмии чаҳоррӯза бо раиси ҷумҳур, садри аъзам ва соири мақомоти кишвари Чин дидор хоҳад кард."

Ӯ афзуд: "Бо он дар мавриди густариши равобит ва ҳамкориҳои дуҷониба дар арсаҳои сиёсӣ, амниятӣ, низомӣ, иқтисодӣ, фарҳангиву масоили минтақавӣ баҳсу табодули назар хоҳад намуд."

Сухангӯи оқои Карзай таъкид кард, "Афғонистон хоҳони густариши равобити истротежик бо ин кишвар мебошад" ва раиси ҷумҳурии Афғонистон дар ин дидорҳо дар мавриди "таҷҳиз ва омӯзиши нерӯҳои амниятии" кишвараш бо мақомҳои чинӣ гуфтугӯ мекунад.

Суръат бахшидан ба иҷрои тарҳи истихроҷи мис дар маъдани Айнак ва "ҳимояти" Афғонистон аз тамоюли ширкати нафти Чин барои истихроҷи гоз дар шимоли Афғонистон, дар меҳвари мавзӯъҳои иқтисодии мавриди баҳси раҳбарони ду кишвар хоҳад буд.

Ахиран оқои Шаҳронӣ гуфта буд, ки ширкати Эм-си-сии чинии масъули истихроҷи маъдани Айнак хостори бозбинии қарордоди истихроҷи ин маъдан шудааст.

Аммо оқои Файзӣ ба хабарнигорон гуфт: "Душманони оромишу тараққии Афғонистон дар талошанд, то ин пружаро ноком созанд, аммо мо ба таъаҳҳуди худ бо ширкати Эм-си-сии кишвари Чин, ки кори истихроҷи пружаи мазкурро ба уҳда дорад, пойбанд ҳастем ва дар ин сафар аз масъулини марбут хоҳем хост, то раванди кори ин пружаро тасреъ бахшанд."

Оқои Файзӣ гуфта, ки дар ин сафар се тафоҳумнома дар мавриди кумаки молӣ ба арзиши дусад милюн юан ба Афғонистон, истирдоди муҷримон ва ҳамкорӣ миёни донишгоҳҳои Кобулу Чин ба имзо мерасад

Ҳамкории амниятӣ

Image caption Итихроҷи миси Айнак бузургтарин тарҳи иқтисодии давлати Афғонистон хонда шуда, ки масъулияти он бар уҳдаи як ширкати чинӣ аст

Дар мавриди маввзӯъҳои амниятӣ дар гуфтугӯҳои оқои Карзай бо мақомҳои чинӣ иттилоъи чандоне мунташир нашуда, аммо он гуна ки сухангӯи раиси ҷумҳури Афғонистон гуфтааст, густариши ҳамкорӣ бо Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ва мубориза бо терурисму ифротгароӣ дар ин дидорҳо баррасӣ меашвад.

Ба гуфтаи оқои Файзӣ, дар ҳоли ҳозир 70 донишҷӯи низомӣ ва 45 афсари пулиси Афғонистон дар риштаҳои мубориза бо маводди мухаддир ва шӯриш, саргарми омӯзиш дар Чин ҳастанд, ки қарор аст шумори онҳо то соли 2015 ба 250 нафар бирасад.

Густариши нуфуз ва қудрати тундравони ҷудоиталаби уйғур дар иёлати Сингкиёнг, дар шимоли ғарби Чин, аз нигарониҳои амниятии ин кишвар аст. Дар замони ҳокимияти гурӯҳи Толибон шуморе аз ин тундравон дар Афғонистон мустақар буданд.

Сухангӯи Ҳомиди Карзай гуфтааст, ки Афғонистон дар мавриди масоили марбут ба Синкёнг, Тойвон ва Тибет аз мавзеъи давлати Чин ҳимоят мекунад.

Сафари оқои Карзай ба Чин ҳамзамон бо баргузории иҷлоси шасту ҳаштумини Маҷмаъи Умумии Созмони Милал барномарезӣ шудааст.

Ӯ дар дувоздаҳ соли раёсати ҷумҳурии худ ҳар солона дар ин иҷлос ширкат мекард, аммо имсол Залмай Расул, вазири хориҷаи Афғонистон, ба ин иҷлос эъзом шудааст.

Матолиби муртабит