Дархости давлатҳо аз Фейсбук дар бораи иттилоъоти даҳҳо ҳазор корбар

  • 28 Август, 2013
Image caption Гурӯҳи байналмилалии Ҳарими Хусусӣ: Давлатҳо барои гирифтани иттилоъот дар бораи мо, лузуман ба воситаҳое монанди Фейсбук ниёзе надоранд

Фейсбук мегӯяд зарфи нимаи нахусти соли ҷории мелодӣ давлатҳои мухталиф дар сартосари ҷаҳон аз ин шабакаи иҷтимоъӣ иттилоъоте дар бораи ҳудуди 38 ҳазор корбарро дархост кардаанд.

Беш аз ниме аз дархостҳо дар бораи иттилоъоти корбаронро давлати Омрико матраҳ карда ва ҳудуди 80 дарсад аз онҳо ба натиҷа расидааст.

Ин аввалин гузориши Фейсбук дар бораи дархостҳои давлатҳо аз ин вебсойт, рӯзи сешанбе 27 август мунташир шуда ва шомили ҷузъиёте аз дархостҳои 74 кишвари ҷаҳон аз Фейсбук аст.

Иддае аз ин дархостҳоро давлати Омрико матраҳ карда ва хостори иттилоъоте дар бораи 20 то 21 ҳазор корбар шудааст.

Мақомоти бритониёӣ ҳам дар бораи беш аз 2300 корбар дар Фейсбук, иттилоъот хостаанд.

Тибқи ин гузориш, Фейсбук ба 79 дарсад аз дархостҳои мақомоти Омрико ва ба 67 дарсад аз дархостҳои мақомоти Бритониё тартиби асар додааст.

Фейсбук бо интишори ин ҷузъиёт гуфтааст аз ифшои ҷузъиёти бештар дар ин бора ҳимоят мекунад.

Колин Истреч, вакили ин шабакаи иҷтимоъии фарогир ва маҳбуб, дар ин гузориш навиштааст: "Умедворем ин гузориш дар ҷараёни баҳсҳо дар бораи меъёрҳои муносиб барои дархостҳои давлатҳо дар бораи иттилоъоти корбарон, барои корбарони мо муфид бошад."

"Раванди сахтгирона"

Image caption Фейсбук дар шаклгирии эътирозҳо дар Миср муфид буд

Фейсбук ибрози умедворӣ кардааст, ки интишори ин гузоришҳоро ҳар шаш моҳ як бор идома диҳад.

Ин вебсойт дар гузориши худ дар бораи шумори дархостҳои давлати Омрико дар бораи иттилоъоти корбарон, як бозаи ҳудудиро зер карда, дар ҳоле ки барои кишварҳои дигар рақами дақиқро овардаст.

Ин тафовут ба ин хотир буда, ки давлати Омрико ширкатҳоро аз ифшои шумори дархостҳо дар бораи иттилоъоти корбарон манъ кардааст.

Бо ин ҳол, Фейсбук таъкид кардааст: "Умедворем дар гузоришҳои оянда битавонем ҳатто иттилоъоти бештаре дар бораи дархостҳое, ки аз ниҳодҳои қонунӣ дарёфт мекунем, ироа кунем."

Ин ширкат гуфта, ки умедвор аст ин гузориш нишон диҳад чи "раванди сахтгиронае" барои ба даст овардани иттилоъоти корбарон вуҷуд дорад.

Гузориши Фейсбук дар айни ҳол рӯшан накарда, ки ин дархостҳо дар бораи иттилоъоти корбарон, ба чи далоиле сурат гирифтааст.

Ин гузориш дар бораи кишварҳое, ки дар онҳо нооромӣ дар ҷараён буда, ҳам ҷолиби таваҷҷуҳ аст.

Мақомоти Туркия, иттилоъоти 173 корбарро аз Фейсбук хостаанд, ки ин ширкат ба 45 маврид аз онҳо посух додааст.

Фейсбук мегӯяд ин дархостҳо ба "таҳдиди кӯдакон ва шароити изтирорӣ" марбут будаанд.

Тибқи ин гузориш ба ҳеч дархости мақомоти мисрӣ тартиби асар дода нашудааст.

"Воқеъияти ваҳшатнок"

Гурӯҳи байналмилалии "Ҳарими Хусусӣ" (Privacy International), ки аз ҳомиёни ҳуқуқи корбарон аст, аз ин гузориши Фейсбук истиқбол карда, вале бар нигарониҳои умдатаре таъкид кардааст.

Ин гурӯҳ "бо таваҷҷуҳ ба ҳузури рӯ ба густариши Фейсбук дар зиндагии мардуми сартосари ҷаҳон" аз ин ширкат барои интишори ин гузориш ташаккур карда ва дар айни ҳол таъкид карда, ки муддатҳост мунтазири чунин гузорише будааст.

Гурӯҳи байналмилалии Ҳарими Хусусӣ гуфтааст ин иқдоми Фейсбук, бар нигарониҳо дар бораи ҳуқуқи корбарон афзудааст ва таъкид карда, ки ин нигарониҳо ношӣ аз худи Фейсбук нест.

Ба гуфтаи онон, "аз замоне ки мустанадоти ифшошуда тавассути Эдворд Иснувден мунташир ва таҳлил шудаанд, маълум шуда, ки давлатҳо воқеъан чи иттилоъоте дар бораи мо ҷамъоварӣ мекунанд."

Ин гурӯҳ таъкид кардааст: "Ҳоло дигар аз воқеъияти ваҳшатнок хабар дорем; ин ки давлатҳо барои гирифтани иттилоъот дар бораи мо лузуман ба воситаҳое монанди Фейсбук, Гугл ва Мойкросуфт ниёзе надоранд."

Фейсбук мегӯяд дар ҳоли ҳозир беш аз як милёрду 150 милюн корбар дорад ва аз ин бобат севумин кишвари бузурги ҷаҳон таъбир мешавад.

Дастрасӣ ба ин вебсойт аз хурдоди 1388 дар Эрон масдуд будааст.

Матолиби муртабит