Вазорати хориҷаи Омрико: Дар мавриди рафтори номуносиби ҷинсии диплумотҳо таҳқиқ хоҳад шуд

Вазорати умури хориҷаи Омрико гуфтааст дар бораи иддаъоҳои рафтори номуносиби ҷинсии диплумотҳои ин кишвар дар хориҷ аз Омрико таҳқиқ хоҳад кард.
Иддаъо шуда, ки як сафири Омрико дар хориҷ бо руспиён иртиботи ҷинсӣ доштааст.
Як сухангӯи вазорати умури хориҷаи Омрико гуфтааст гузориши шабакаи телевизиюнии Сибиэси Омрико дар ин маврид ҳовии бархе иттиҳомоти беасос аст.
Шабакаи телевизиюнии Сибиэс дар гузориши худ бар асоси ёддоштҳои вазорати умури хориҷаи Омрико гуфт, ки як мақоми амниятии омрикоӣ дар Бейрутт дар Лубнон ба хориҷиёне, ки ба унвони нигаҳбони амниятӣ истихдом шуда буданд, таъаррузи ҷинсӣ кардааст.
Тибқи ин гузориш дар Бағдод, пойтахти Ироқ низ қочоқчиён ба афроди тарафи қарордод бо вазорати умури хориҷаи Омрико маводи мухаддир фурӯхтаанд.
Гузориши шабакаи телевизиюнии Сибиэс хотирнишон мекунад, ки кодри амниятии Ҳилорӣ Клинтун, вазири умури хориҷаи собиқи Омрико дар сафари расмӣ бо руспиён иртибот доштанд.
Дар ин гузориш омада, ки мақомҳои вазорати умури хориҷаи Омрико дар бораи ин иддаъо таҳқиқи комиле анҷом надода ва ҳатто саъй кардаанд онҳоро пинҳон кунанд.
Сибиэс мегӯяд дар яке аз мавориди иддаъо як сафири ин кишвар, ки номаш бурда нашуда, дар порк бо руспиҳо дидор мекард.
Ин шабакаи телевизиюнӣ мегӯяд тибқи мадорике, ки дар ихтиёраш қарор гирифта ин сафир "бо ҷилавгирӣ аз ҳамроҳии афроди муҳофизи худ дар садади иртибот бо руспиён ва афроди зери синни қонунӣ" будааст.
Тибқи ин гузориш тими амниятии сафир ва сойири ҳамкорони ӯ "аз ин рафтори ӯ" огоҳ буд.
