Се сарбози бритониёӣ дар Ҳилманд кушта шуданд

  • 1 Май, 2013
Image caption Қарор аст шумори нерӯҳои бритониёӣ дар Афғонистон то поёни соли 2013 ба 5200 коҳиш ёбад

Бо кушта шудани се низомии бритониёӣ дар ҷануби Афғонистон, омори талафоти низомии Бритониё дар Афғонистон ба беш аз чаҳорсаду чиҳил нафар расидааст.

Вазорати дифоъи Бритониё бо судури иттилоъияе дар рӯзи чаҳоршанбеи 1 май, эълом кард, ки рӯзи гузашта се низомии узви ҳанги салтанатии Искотланд ҳангоми анҷоми амалиёти оддии гаштзанӣ дар вилояти Ҳилманд бар асари бархӯрди худрави ҳомили онон бо як василаи инфиҷории коргузошта дар канори ҷода ҷони худро аз даст доданд.

Ин ҳодиса дар вулусволии наҳри Сироҷ дар вилояти Ҳилманд рӯй дод ва бар асоси иттилоъияи вазорати дифоъи Бритониё се низомии захмӣ бо чархбол ба дармонгоҳи низомӣ интиқо лёфтанд, аммо дар асари шиддати ҷароҳот даргузаштанд.

Кушта шудани ин сарбозон ба бастагонашон иттилоъ дода шудааст.

Бо кушта шудани ин се нафар шумори талафоти низомиёни бритониёӣ аз замони оғози ҳузури низомии Бритониё дар Афғонистон дар соли 2001то ҳол ба 444 нафар расидааст.

Аз аввали соли ҷории мелодӣ то кунун ҳам шаш низомии бритониёӣ дар Афғонистон ҷони худро аз даст додаанд.

Ричорд Мургон, сухангӯйи нерӯи амалиётии Бритониё дар Ҳилманд, кушта шудани ин сарбозонро зоеъаи бузурге тавсиф кардааст.

Корулин Войт, хабарнигори умури дифоъии Би-би-сӣ, мегӯяд худраве ҳомили ин сарбозон яке аз эминтарин худравҳои зиреҳии мавриди истифодаи артиши Бритониё маҳсуб мешавад.

Аз моҳи сентябри гузашта ин нахустин бор аст, ки сарбозони бритониёӣ дар асари инфиҷори канориҷодаӣ дар Афғонистон кушта мешаванд, ҳарчанд гоҳ гузоришҳое аз талафоти сарбозони артиш, маъмурони пулис ва ғайринизомиёни афғон дар чандин инфиҷорҳо мунташир шудааст.

Нерӯҳои бритониёӣ монанди дигар нерӯҳои НОТУ то поёни соли 2014 Афғонистонро тарк мекунанд, ҳарчанд шумори кучаке аз онҳо дар ин кишвар боқӣ хоҳад монд, ки нақши ҳимоятӣ хоҳанд дошт.

Дар иҷрои барномаи хуруҷи нерӯҳои бритониёӣ аз Афғонистон шумори ин нерӯҳо дар поёни соли 2012 ба 9 ҳазор нафар коҳиш ёфт ва қарор аст то поёни соли 2013 ба 5200 нафар бирасад.

Сухангӯйи вазорати дифоъи Бритониё зимни ибрози ҳамдарди бо хонаводаҳои се низомии кушташуда дар Ҳилманд гуфтааст, ки вазъияти амниятӣ дар ин вилоят, ки бахши умдае аз он нерӯҳои эъзомии Бритониё дар он мустақар ҳастанд, батадриҷ беҳбуд меёбад ва нерӯҳои афғон масъулияти ҳифзи амнияти бахши қобили таваҷҷуҳе аз ин минтақаро дар даст доранд.

Вай афзудааст, ки дар айни ҳол ҳаводисе монанди он чи ки рӯзи гузашта рӯй дод, ёдовари хатароте аст, ки нерӯҳои бритониёӣ дар Афғонистон бо онҳо мувоҷеҳ ҳастанд.

Сухангӯйи вазорати дифоъ таъкид кардааст, ки ин вазоратхона ба талош барои коҳиши хатарот идома медиҳад, аммо "ин хатаротро ҳаргиз наметавон ба таври комил аз миён бурд."

Матолиби муртабит