Созмони Милал: Кишти хашхош дар Ҳилманд се баробар шудааст

  • 15 Апрел, 2013
Image caption Ҳилманд, аз вилоёти ноамн, дар ҷануби Афғонистон мавқеъият дорад

Идораи мубориза бо маводди мухаддир ва ҷароими созмонёфтаи Созмони Милали Муттаҳид бо нашри гузориши тозае гуфтааст, ки кишти кукнор\хашхош, дар вилояти ҷанубии Ҳилманд нисбат ба шаш соли гузашта се баробар шудааст.

Созмони Милал дар ин гузориши худ гуфтааст, ки бо таваҷҷуҳ ба эҳтимоли кишти кукнор дар саросари Афғонистон, ба назар мерасад ними кукнори ин кишвар дар мазореъи Ҳилманд кишт шавад.

Дар гузориши Созмони Милал ҳамчунин омадааст, ки ҳамзамон бо афзоиши кишти кукнор дар Ҳилманд, тасаввур мешавад, ки тавлиди маводди мухаддир ҳам боло рафта бошад.

Идораи мубориза бо маводди мухаддир ва ҷароими созмонёфтаи СММ (UNODC) афзоиши кишти кукнор дар Ҳилмандро "нигаронкунанда" тавсиф карда ва гуфтааст, ки эҳтимол меравад мизони кишти кукнор натанҳо Ҳилманд, ки дар саросари Афғонистон, аз ҷумла вилоёти Тахор дар шимол ва Нангарҳор дар шарқи Афғонистон низ бештар шуда бошад.

Ин вилоёт пеш аз ин аз сӯйи давлати Афғонистон орӣ аз кишти кукнор эълом шуда буд.

Ноамнӣ, нокомӣ дар фароҳамоварии чизи дигаре ба ҷойи хашхош, авомили умдаи афзоиши кишт, тавлид ва саранҷом қочоқи маводди мухаддир унвон шудааст.

Дэвид Лоен, хабарнигори Би-би-сӣ дар Кобул, мегӯяд, ки Ҳамидуллоҳ, яке аз сокинони Ҳилманд, ки соли гузашта ба ташвиқи мушовирони зироъатии Омрико ва Бритониё ба ҷойи хашхош панба кошта буд, мегӯяд ба далели набуди бозори панба дубора ба кишти кукнор рӯ овардааст.

Кишоварзони ҳилмандӣ гуфтаанд, ки баҳои панба пойин аст ва ҳатто махориҷи тавлидро фароҳам намекунад, дар ҳоле ки ба гуфтаи онҳо кукнор даҳ баробар суд медиҳад. Ҳамидуллоҳ ба хабарнигори Би-би-сӣ гуфтааст, ки соли гузашта панбаи тавлишударо бо зарар ва ба қимати пойин фурӯхта, то харҷи хонаводаашро фароҳам кунад.

Омор нишон медиҳад, ки ҳудуди 75 ҳазор ҳектор замин дар вилояти Ҳилманд кукнор кошта шуда ва ин рақам се баробар нисбат ба соли 2006 замоне, ки нерӯҳои бритониёӣ дар Ҳилманд мустақар буданд, боло рафтааст.

Созмони Милал набуди кумакҳои лозим ба кишоварзон ва ноамниро далели аслии афзоиши кишти кукнор дар Афғонистон медонад.

Мақомҳои давлати Афғонистон барномаҳои мутаъаддидеро барои решакан сохтани кукнор дар саросари кишвар, аз ҷумла вилояти Ҳилманд, ба роҳ андохта, аммо ин барномаҳо дар бархе аз вилоёти Афғонистон то кунун натиҷаи чандоне надодааст.

Моҳи гузашта як мақоми амнияти афғон низ нисбат ба эҳтимоли афзоиши кишти кукнор ҳушдор дода буд.

Бозмуҳаммади Аҳмадӣ, муъовини мубориза бо маводди мухаддири вазорати дохилаи Афғонистон, дар як нишасти хабарӣ гуфт: "Нигаронӣ ин аст, ки баъд аз соли 2014 ҳимояти ҷомеъаи ҷаҳонӣ аз мубориза алайҳи маводди мухаддир аз ин ҳам камтар шавад."

Бозмуҳаммади Аҳмадӣ гуфт нерӯҳои хориҷӣ батадриҷ Афғонистонро тарк мекунанд ва ҷойи худро ба нерӯҳои афғон медиҳанд.

Нерӯҳои таҳти раҳбарии НОТУ дар солҳои гузашта дар мубориза алйҳи тавлид ва қочоқи маводи мухаддир низ саҳим буданд.

Аммо ҳоло ба гуфтаи муъовини вазорати дохилаи Афғонистон нерӯҳои артиши Афғонистон дар маҳви киштзорҳои хашхош мушорикат намекунанд.

Матолиби муртабит