Музокироти Исроил ва Туркия бар сари пардохти ғаромат

Ҳайате исроилӣ, ки ба Туркия сафар карда бо мақомҳои он кишвар дар мавриди пардохти ғаромат ба қурбониёни ҳамлаи кумондуи исроилӣ ба киштиҳои ҳомили кӯмакҳои имдодӣ ба навори Ғазза музокироте анҷом додааст.
Ҳамлаи нерӯҳои исроилӣ ба киштиҳои ҳомили кӯмакҳои башардӯстонаи Туркия, ки дар соли 2010 мелодӣ ба қасди шикастани муҳосираи навори Ғазза озими ин минтақа буданд, ба кушта ва маҷрӯҳ шудани шуморе аз фаъъолон мунҷар шуд.
Ин ҳамла, ки бо вокуниши манфии ҷомеъаи ҷаҳонӣ рӯбарӯ шуд, ба тирагии равобити ду кишвари Туркия ва Исроил мунҷар шуд.
Исроил моҳи гузашта расман аз ин ҳамла узрхоҳӣ кард.
Гуфта шуда, ки дар пайи фишори Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, раҳбарони Исроил саранҷом тасмим гирифтанд аз Туркия узрхоҳӣ кунанд.
Омрико, ки ҳар ду кишвари Туркия ва Исроил аз муттаҳидони наздикаш ҳастанд, ҳамвора барои беҳбуди равобити ду кишвар талош кардааст.
Ба гуфтаи вукалои хонаводаи қурбониён интизор меравад пардохти ғаромат ба қурбониёни ҳамлаи Исроил ва бардоштани маҳдудиятиҳои эъмолшуда бар Ғазза аз ҷумлаи мавзӯъоти аслии мавриди музокираи ду кишвар бошад.
Булан Ориҷ, муъовини нахуствазири Туркия, ки раёсати ҳайати он кишварро дар музокирот бар уҳда дорад, ҳушдор дода дар сурате, ки хонаводаҳои қурбониён тавофуқи бадастомадаро напазиранд, ин тавофуқ иҷроӣ нахоҳад буд.
Нозирон бо ишора ба ин ки нахуствазирони ҳар ду кишвар мустақиман дар ин масъала дахил ҳастанд, дар бораи натоиҷи музокирот ибрози хушбинӣ кардаанд.
Бо вуҷуди он ки музокирот барои пардохти ғаромат ба қурбониёни ин ҳодиса дар ҷараён аст, аммо фаъъолони тарафдори фаластиниён дар Туркия таъкид кардаанд, ки қасд надоранд додхостеро, ки алайҳи 4 мақоми низомии аршади Исроил ба далели ин ҳамла ироа додаанд, пас бигиранд.
Бархе аз таҳлилгарон муътақиданд, Туркия эҳтимолан аз ин мавзӯъ ба унвони аҳруме алайҳи Исроил дар музокироти марбут ба пардохти ғаромат истифода хоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол муъовини нахуствазири Туркия гуфтааст, ки агар Исроил ҳозир ба пардохти ғаромат шавад, аз додхости ироашуда алайҳи Исроил бояд сарфиназар шавад.
Музокираи байни мақомҳои Туркия ва Исроил як рӯз пас аз он сурат мегирад, ки Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико аз Раҷаб Таййиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия хоста то сафараш ба навори Ғаззаро, ки қарор аст дар поёни моҳи ояндаи мелодӣ анҷом шавад, ба таъхир биандозад.
