Ҷон Керрӣ хостори оддисозии равобити Туркия ва Исроил шуд

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи Омрико, ки ба Туркия сафар карда хостори оддисозии равобити Туркия ва Исроил шудааст.
Оқои Керрӣ ин суханонро дар ҳоле баён карда, ки Борок Убомо ду ҳафта пеш тавонист нахуствазири Исроилро ба узрхоҳӣ аз Туркия мутақоъид кунад ва оқои Эрдуғон низ ин узрхоҳиро пазируфт.
Туркия ва Исроил аз ҷумлаи муҳимтарин муттаҳидони Омрико дар минтақа ба шумрор мераванд.
Оқои Керрӣ дар суханони имрӯзи худ гуфт: "Мо хостори оддисозии равобати байни ду кишвар (Туркия ва Исроил) ҳастем, ки нақше муҳим дар барқарории субот дар Ховари Миёна ва раванди сулҳ доранд."
Равобити байни Туркия ва Исроил дар пайи ҳамлаи нерӯҳои исроилӣ ба киштиҳои ҳомили кумакҳои инсондӯстонаи Туркия ба Ғазза дар соли 2010 мелодӣ тира шуд.
Оқои Керрӣ дар ҷараёни ин сафар аз талошҳои Туркия бар эъмоли фишор бар давлати Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия ва ироаи кумакҳои башардӯстона ба паноҳҷӯёни сурӣ тақдир кард.
Гуфта шуда вазири хориҷаи Омрико дар талош аст то Туркияро ба идомаи пазириши паноҳҷӯёни сурӣ дар хоки ин кишвар ташвиқ кунад.
Ба гуфтаи Созмони Милал аз беш аз як миллиюн паноҳҷӯи сурӣ, ки ба кишварҳои ҳамсоя гурехтаанд, тақрибан 250 ҳазор нафар аз онҳо дар Туркия ба сар мебаранд.
Ба гуфтаи Жиёр Гул, хабарнигори Би-би-сии форсӣ дар Туркия яке дигар аз аҳдофи сафари оқои Керрӣ оддисозии робитаи Туркия бо Ироқ аст.
Ин ду кишвар дар ҳоли ҳозир аз равобити хубе бархурдор нестанд ва дар гузашта Нурӣ Моликӣ, нахуствазири Ироқ ва Раҷаб Таййиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия якдигарро диктотур хитоб карда буданд.
Ҷон Керрӣ ҳамчунин талош мекунад Туркияро дар музокироти сулҳи байни Исроил ва фаластиниён ҳамроҳ кунад ва аз робитаи хуби оқои Эрдуғон бо раҳбарони Ҳамос барои пешбурди сулҳ истифода кунад.
Эҳтимолан Эрдуғон моҳи оянда аз навори Ғазза дидор хоҳад кард ва ин эҳтимолан бахше аз тавофуқоти Туркия бо Исроил ҳангоми узрхоҳии оқои Нетонёҳу будааст.
