Русия барои Урдун нерӯгоҳи ҳастаӣ месозад
Image copyrightAPУрдун барои сохти аввалин нерӯгоҳи ҳастаии ин кишвар бо Русия як тавофуқи усулӣ имзо кардааст. Арзиши ин тавофуқ 10 милиёрд дулор эълом шудааст.
Ин тавофуқро Холид Тӯфон, раиси Созмони Энержии Атумии Урдун ва Сергей Гринко, мудири омили ширкати Русатум - Созмони Энержии Атумии Русия - дар пойтахти Урдун имзо кардаанд.
Оқои Тӯфон гуфтааст, ки ин тавофуқнома чорчӯби ҳамкориҳои ду тарафро мушаххас мекунад.
Ин тавофуқномаи усули шомили таъмини сӯхти нерӯгоҳ ва интиқоли пасмондаи сӯхт ба Русия ҳам мешавад.
Қарор аст Русия ду реоктур дар саҳрои Умра дар шимоли Аммон, пойтахти Урдун, бо зарфияти ҳазор меговот бисозад.
Урдун мегӯяд барои посух ба ниёзҳои энержии худ дар садади истифода аз энержии ҳастаӣ аст.
Тибқи гузоришҳо, ширкати Русатум молики 49 дарсади ин нерӯгоҳ хоҳад буд. Замони баҳрабардорӣ аз ин пружа соли 2023 эълом шудааст.
Тибқи тавофуқе, ки ду кишвар имзо кардаанд, Урдун барои даҳ соли аввал бояд аз Русия сӯхт бихарад ва баъд аз даҳ сол метавонад ба соири фурӯшандагони сӯхт муроҷиъа кунад.
Русатум паймонкори нерӯгоҳи атумии Бушаҳр ҳам ҳаст.
