Хуршед гирифт
Image copyrightReutersЯке аз бузургтарин хуршедгирифтагиҳои солҳои ахир аз соъоте пеш оғоз шудааст.
Ин хуршедгирифтагӣ аз он назар ҷолиби таваҷҷуҳ аст, ки таи рух доданаш фосилаи замину моҳ дар тӯли чандин сол ба камтарин мизони худ мерасад ва моҳ сояи бузургтаре рӯйи замин меандозад.
Дар баъзе нуқоти Бритониё ва Урупо ба далели абрӣ будани ҳаво ин кусуф қобили мушоҳида нест.
Мутахассисон тавсия мекунанд, ки бо чашми ғайримусаллаҳ хуршедгирифтагиро тамошо накунед.
Кусуфи имсол дар манотиқи наздик ба Қутби Шимол комил аст ва барои муддате моҳ комилан хуршедро мепӯшонад.
Дар нуқоти шимолии Искотланд моҳ то 98 дарсад сатҳи хуршедро мепӯшонад ва ин дарсад дар манотиқи ҷанубӣ то 85 дарсад аст.
Дар шимоли Офриқо ва бахшҳое аз Ховари Миёна низ кусуфи ҷузъи қобили мушоҳида аст.
Дар Эрон манотиқи шимоли ғарбии кишвар хуршедгирифтагии бузургтареро таҷруба мекунанд ва ҳудуди соъати 1:55 ба вақти маҳаллӣ то 10 дарсади хуршед дар устонҳои Ардабил ва Озарбойҷони Шарқӣ ва Ғарбӣ зери моҳ меравад.
Тоҷикистон ҳам кусуфи ҷузъиро таҷруба мекунад.
