Паёми наврӯзии Убомо: "Беҳтарин фурсати чанд даҳаи ахир" барои ояндаи мутафовит дар ихтиёр аст
Image copyrightScreenshotБорок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, дар паёме видиюӣ ба мардум ва раҳбари Эрон ба муносибати иди Наврӯз мегӯяд имсол "беҳтарин фурсати чанд даҳаи ахир" барои пайгирии ояндае мутафовит миёни ду кишвар ба вуҷуд омад.
Ба гуфтаи раиси ҷумҳурии Омрико, музокироти атумӣ миёни Эрон ва қудратҳои ҷаҳонӣ пешрафтҳое дошта, аммо ҳамчунин ихтилофоте боқӣ мондааст.
Оқои Убомо дар паёми табрики Наврӯз, ки дар вебсойти Кохи Сафед мунташир шудааст, бо ишора ба "фурсати" пешомада дар музокироти атумӣ бо Эрон таъкид кард: "Ин фурсат шояд дубора базудӣ такрор нашавад. Муътақидам, ки миллатҳои мо мавқеъияте таърихӣ барои ҳалли мусолиматомези ин мавзӯъ доранд, фурсате, ки набояд аз даст бидиҳем."
Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонии мавсум ба Гурӯҳи 5+1 дар ҳоли музокира барои расидан ба тавофуқе ҷомеъ ҳастанд, ки бар асоси он фаъъолиятҳои атумии Теҳрон дар баробари ҳазфи таърихии таҳримҳо маҳор хоҳад шуд.
Тарафҳои ҳозир дар музокироти атумӣ талош доранд, ки то як ҳафтаи дигар ба чорчӯби сиёсии ин тавофуқ даст ёбанд ва то поёни моҳи июн онро ба иҷро дароваранд.
Пешрафти қудратҳои ҷаҳонӣ бо ибрози тардид дар бораи моҳияти фаъъолиятҳои атумии Эрон гуфтаанд, ки Теҳрон ба шакли махфиёна мехоҳад ба силоҳи атумӣ даст ёбад. Эрон ин иттиҳомро рад карда ва мегӯяд ҳадафаш аз пешбурди барномаи атумӣ тавлиди барқ аст.
Оқои Убомо дар паёми наврӯзӣ гуфтааст: "Рӯзҳо ва ҳафтаҳои пеши рӯ ҳаётӣ хоҳад буд. Музокироти мо пешрафт дошта, аммо ихтилофот ҳамчунон боқӣ аст ва афроде дар кишварҳои мо ва дигар кишварҳо вуҷуд доранд, ки бо ҳалли диплумотики ин мавзӯъ мухолифанд."
Оқоои Убомо хитоб ба мардум ва раҳбарони Эрон гуфт: "Дар ҳоле ки даври суфраи ҳафтсин ҷамъ мешавед, аз Теҳрон то Шероз то Табрез, аз савоҳили дарёи Хазар то каронаи халиҷи Форс барои баракатҳое, ки доред, шукргузоред ва ба оянда менигаред. Имсол мо беҳтарин фурсатро дар чанд даҳаи ахир барои пайгирии ояндае мутафовит барои кишварҳоямон дорем."
Оқои Убомо ин паёми наврӯзиро бо хондани ин байт аз Ҳофиз хотима дод :
"Навбаҳор аст дар он кӯш, ки хушдил бошӣ,
Ки басе гул бидамад, боз ту дар гул бошӣ."
Дар солҳои ахир руасои ҷумҳури Омрико ба муносибати оғози соли нави хуршедӣ паёме бо муҳтавои шодбоши нврӯзӣ мунташир кардаанд ва ҳафтаи қабл Мишел Убомо, ҳамсари раиси ҷумҳурии Омрико дар Кохи Сафед меҳмонии Наврӯз баргузор кард.
