'Тамаъҷӯӣ' ба кумаки барномаи компютерии футушуп
Пулиси Тоҷикистон аз боздошти як донишомӯзи мактаби ҳамагонӣ ба занни тамаъҷӯӣ ва таҳдид ба як духтари зери синни қонунӣ дар вилояти Суғд дар шимоли ин кишвар хабар додааст.
Тибқи иттилоъи торнамои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ки рӯзи сешанбеи 3 март пахш шуд, ин ҷавони 17-сола аз як духтари понздаҳсола дар ивази интишор надодаи аксе нимбараҳна дархости пул кардааст.
Пулис ҳувияти ин ҷавонро ифшо накарда, вале менависад, ки вай бо истифода аз барномаи футушуп акси духтарро ба ҳолати нимбараҳна дароварда ва аз ӯ барои пинҳон доштани ин акс пул хостааст.
Ҳарчанд ин духтари 15-сола ба ҷавон маблағи 100 сомонӣ дода, вале бо ин вуҷуд ин ҷавон акси духтарро ба дӯстони дигараш фиристодааст. Аз ин кирдори ҷавон модари духтар ба кормандони интизомӣ шикоят бурдааст.
Ин ҷавон бо духтар дар як мактаб дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд таҳсил мекардааст ва кормандони пулис рӯзи 2 март ӯро боздошт ва дар мавриди ин воқеъа парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
