Боздошти як зан ба занни фурӯши навзод дар Душанбе

  • 24 Феврал, 2015

Пулис аз боздошти як сокини шаҳри Душанбе ба занни фурӯши кӯдаки навзод хабар додааст.

Торнамои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, рӯзи сешанбеи 24 феврал зимни пахши иттилоъ дар ин маврид менависад, ки ин зани 31-сола баъд аз як ҳафтаи ба дунё овардани кӯдак ӯро ба фурӯш гузоштааст.

Вай замоне боздошт шудааст, ки кӯдаки навзоди худро ба як хонуми дигар, аз ҷумлаи сокинони ноҳияи Ёвон ба маблағи 500 дулор фурӯхтааст. Кормандони пулис дар робита ба ин воқеъа парвандаи ҷиноиро боз ва таҳқиқоти онро идома медиҳанд.

Ин нахустин бор нест, ки пулис занонро ба занни фурӯши навзодон дар Тоҷикистон боздошт мекунад.