Пулис занеро ба ҷалби духтарон ба фаҳшо муттаҳам кард

  • 17 Феврал, 2015

Кормандони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯянд, ки занеро ба занни ҷалби духтарон ба фаҳшо дар шаҳри Душанбе боздошт кардаанд.

Торнамои ин ниҳод рӯзи сешанбеи 17 феврал зимни пахши иттилоъ дар ин маврид нивишт, ки ин зан дар пайи амалиёти вижаи пулис боздошт шудааст.

Кормандони вазорат дар робита бо ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Таҳқиқоти муқаддамотӣ ҳокист, ки ин зан се духтари ҷавони сокин дар шаҳри Душанберо ба фаҳшо ҷалб кардааст.

Ҳувияти зан мушаххас нашудааст, вале дар хабар омада, ки вай як сокини 24-солаи шаҳри Душанбе буда ва дар изои ошно кардани ин духтарон бо ҷавонон 300 сомонӣ (ҳудуди 50 дулор) аз онҳо дарёфт мекардааст.

Пулис мегӯяд, ки ин зан қаблан аз сӯйи додгоҳ бар асоси моддаи 244 ва 339-и қонуни кайфарии Тоҷикистон ба иттиҳоми сирқати мадорик ва муҳр маҳкум ба зиндон шуда будааст.