Боздошти як ҷавон ба занни таҷовузи духтаре 15-сола
Пулиси Тоҷикистон аз боздошти як ҷавони 19-cола ба занни таҷовуз ба номуси як духтари зери синни қонунӣ хабар дод.
Торнамои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон рӯзи душанбеи 16 феврал нивишт, ки боздошти ин ҷавон дар пайи ироаи шикояти волидони духтар ба пулис сурат гирифтааст.
Пулис ҳувияти ин ҷавонро эълом накарда, вале гуфтааст, ки ӯ сокини ноҳияи Рӯдакӣ буда ва духтарро бо роҳи фиреб ба ин ноҳия бурда ва ба номусаш таҷовуз кардааст.
Кормандони ин ниҳод дар мавриди ин воқеъа парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Ҳафтаи гузашта низ кормандони пулис аз боздошти як сокини 34-солаи ноҳияи Ҳисор ба занни таҷовуз ба номуси духтаре 18-сола аз ҷумлаи сокинони ин ноҳия иттилоъ дода буданд.
