Боздошти ду нафар ба занни қочоқи маводди мухаддир дар Душанбе
Пулиси Тоҷикистон аз боздошти ду нафар аз сокинон ба занни қочоқи беш аз 54 килуграм маводди мухаддир дар шаҳри Душанбе хабар дод.
Торнамои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 10 феврал зимни пахши иттилоъ дар ин маврид навишт, ки кормандони ин ниҳод ин афродро дар амалиёти вижае боздошт кардаанд.
Пулис ба ҳангоми ҷустуҷӯи зерзамини манзиле, ки онҳо дар он ҷо ба сар мебурданд, беш аз 54 килуграм ҳашишро кашф ва мусодира кардааст.
Ҳамакнун пулис алайҳи Манучеҳр Фироғатов, сокини ноҳияи Рӯшон ва Ифтихор Таваллоев, сокини шаҳри Душанбе, парвандаи ҷиноӣ боз карда ва барои пайдо кардани ҳамдастони онҳо таҳқиқотро идома медиҳад.
