Пулис дар вилояти Хатлон ҳудуди се килу ҳеруинро мусодира кард
Кормандони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз мусодираи ҳудуди се килуграм ҳеруин аз як сокини вилояти Хатлони ин кишвар хабар додаанд.
Торнамои ин ниҳод, рӯзи чаҳоршанбеи 28 январ ҳангоми пахши иттилоъ дар ин маврид, менависад, ки ин миқдор ҳеруин дар як амалиёти вижаи пулис кашф шудааст.
Ин амалиёти пулис дар рустои мавсум ба Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод, воқеъ дар марзи муштараки Тоҷикистон ва Афғонистон доир шудааст.
Дар ҷараёни он, пулис ҳангоми ҷустуҷӯйи худрави мутаъалиқ ба Аҳмадхон Назриев аз дохили борхалати яке аз мусофирони маводди мухаддирро пайдо мекунад.
Пулис ҳуввияти ин мусофирро низ ифшо карда ва ӯро Амонулло Раҷабов, сокини 32-солаи ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳумаи шаҳри Душанбе муъаррифӣ кардааст. Дар робита ба ин воқеъ парвандаи ҷиноӣ боз ва таҳқиқоти он идома доштааст.
