Пулис панҷ нафар аз сокинонро ба сирқати аспҳо муттаҳам кард

  • 23 Январ, 2015

Кормандони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯянд, ки панҷ нафар аз сокинони ин кишварро барои сирқати аспҳои хусусӣ боздошт кардаанд.

Торнамои ин ниҳод менависад, ки чаҳор нафар аз ин афрод дар як амалиёти вижаи пулис дар ноҳияи Ҷиргатол, воқеъ дар шарқи Тоҷикистон рӯзи 21 январ боздошт шудаанд.

Дар ҷузъиёти ин иттилоъ омадааст, ки Муҳиддин Ҳамидови 53-сола, Раҳматилла Усонови 52-сола, Алиҷон Ҳоҷиеви 29-сола ва Абдувоҳид Хошекови 42-сола дар сирқати чор аспи ду нафар аз сокинони ноҳияи Ҷиргатол даст доштаанд.

Қимати ҳар яке аз ин аспҳо 25 ҳазор сомонӣ, ки муъодили ҳудуди чаҳор ҳазор дулор будааст, арзёбӣ мешавад.

Ҳамчунин кормандони интизомӣ аз боздошти як сокини ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон хабар медиҳанд, ки дар рабудани ду аспи як сокини ин ноҳия муттаҳам будааст.