Кӯмаки низомии Омрико ба Ӯзбакистон
Image copyrightReutersИёлоти Мутаҳидаи Омрико дар садад аст, ба артиши Ӯзбакистон 328 адад мошинҳои низомии зиреҳпӯш эҳдо кунад.
Дар ин мавриди Даниэл Розенблюм, намояндаи Вазорати хориҷаи Омрико дар умури кишварҳои Осиёи Марказӣ ба радиои “Voice of America” хабар додааст.
Оқои Розенблюм гуфтааст, судури мошинҳои низомӣ ба Ӯзбакистон дар моҳи гузашта шурӯъ шуда ва ин раванд дар чанд моҳи оянда идома хоҳад дошт.
308 адад мошини низомиро зиреҳпӯшҳои навъи MRAP ва 20 адади онро мошинҳои таъмирию наҷотӣ ташкил медиҳанд.
Мақомоти Вазорати хориҷаи Омрико гуфтаанд, ин мошинҳои низомӣ дар амалиётҳои ҷангӣ дар Афғонистон истифода нашудаанд.
Зимнан, дар моҳи феврали соли 2013 Вазорати хориҷаи Омрико ба Конграи ин кишвар дастур дод, то дар бораи азсаргирии судури силоҳу таҷҳизоти ҷангӣ ба кишварҳои Осиёи Марказиро тасвиб кунад.
Ба дунболи он миёни Вошингтуну Тошканд дар мавриди ба ихтиёри Ӯзбакистон гузоштани таҷҳизоту техникаи низомии Омрико пас аз анҷоми амалиёти низомӣ дар Афғонистон музокирот шурӯъ шуд.
Вазорати дифоъи Омрико дар ин замина бо Тоҷикистону Қирғизистон низ музокиротҳо анҷом дода, аммо натоиҷи ин музокирот ва ба ихтиёри ин кишварҳо гузоштани силоҳу таҷҳизоти ҷангии Омрико, ки дар амалиёти ҷангӣ дар Афғонистон истифода шудаанд, иттилоъе вуҷуд надорад.
