Роналдо футболбози беҳтарини ҷаҳон эътироф шуд
Image copyrightAFPДар маросими мутантан дар шаҳри Сюрихи Суис Федорутсиюни Ҷаҳонии Футбол (ФИФА) Криштиано Роналдо, бозингари дастаи “Реал”-и Мадрид ва дастаи мунтахаби Потуғолро футбозбози беҳтарини сол эълом карда ва “Тӯби тиллоӣ”-ро тақдим кард.
Барои дастёбӣ ба чунин унвон Криштано Роналдо аз Лионел Мессӣ, футболбози дастаи “Барселона”-и Испониё ва Мануэл Нойер, аз дастаи “Бавария”-и Олмон пешӣ гирифтааст.
Ӯ дар соли 2014 дар 62 бозӣ дар дастаҳои “Реал”-и Мадрид ва дастаи мунтахаби Портуғол 61 гол зада ва дар пирӯзии дастаи “Реал” дар Бошгоҳи Қаҳрамонҳои Урупо саҳми фаъъол доштааст.
Аммо дастаи мунтахаби Портуғол дар Бозиҳои Ҷоми Ҷаҳонии Футбол дар Брозил дар соли гузашта хуб ҳунарнамоӣ накарда, дар гурӯҳи худ зинаи сеюмро ишғол карда ва аз идомаи мусобиқот маҳрум шуда буд.
Дар интихоби футбози беҳтарини сол капитан ва сармураббиёни дастаҳои мухтахаби миллӣ ва хабарнигорон ширкат доштанд.
Зимнан, соли гузашта низ Федорутсиюни Ҷаҳонии Футбол оқои Роналдоро футбозбози беҳтарини соли эълом карда буд.
Барои аввалин бор Криштано Роналдо дар соли 2008, замоне ки бозикуни дасти “Манчестр Юнайтд”-и Бритониё буд, унвони футболбози беҳтарини солро ба даст оварда буд.
