Роҳпаймоии густардаи “Иттиҳод” дар Фаронса
Image copyrightGettyРоҳпаймоии “Иттиҳод” барои гиромидошти кушташудагони ҳамалоти ахир дар Фаронса бо ширкати беш аз як милиюн нафар дар Порис баргузор шуд.
Тахминан зада мешавад дар саросари Фаронса ҳудуди чаҳор милиюн нафар ва дар Порис як милиюну 500 ҳазор нафар дар роҳпаймоӣ ширкат карда бошанд.
Давлати Фаронса ин роҳпаймоиро бузургтарин гирдиҳамоӣ дар таърихи ин кишвар хондааст.
Дар сафи аввали роҳпаймоӣ мақомҳо, Фронсуо Оланд, раиси ҷумҳурии Фаронса, Онгело Меркел, садри аъзами Олмон, Маҳмуд Аббос, раиси ташкилоти худгардони Фалсатин ва Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири Исроил ва чанд мақоми дигар дар ҳоле, ки бозуҳои ҳамдигарро гирифта буданд, роҳпаймоиро оғоз карданд.
Сарони беш аз 40 кишвари дунё барои ибрози ҳамбастагӣ бо Фаронса ва ҳимоят аз озодии баён дар ин тазоҳурот ҳузур доштанд. Созмони “Гузоришгарони бидуни марз” аз ҳузури раҳбарони кишварҳое, ки дар онҳо “рузноманигорон ва блогнависҳо ба сурати системотик мавриди озор ва азият қарор мегиранд”, ибрози инзиҷор кардааст.
Лиз Дусет, хабарнигори Би-би-сӣ мегӯяд кудакон, занон, мардон, солмандон ва гурӯҳҳои мухталиф дар ин роҳпаймоӣ ширкат кардаанд.
Баъзе аз ширкаткунадагон аз миллиятҳо ва қавмҳои мухталифи ҳиндӣ, фаронсавӣ ва итолиёӣ, ки дар тазхоҳурот ҳузур доштанд ба хабарнигори Биби-сӣ гуфтанд, ки барои нишон додани иттиҳод дар ин роҳпаймоӣ ширкат кардаанд.
Ҷабҳаи миллии Фаронса: Мо ширкат намекунем
Ҷабҳаи миллии Фаронса, ҳизби ростгарои ифротӣ аз ҳаводорони ин ҳизб хоста буд дар роҳпаймоии рузи якшанбе дар Порис ҳузур пайдо накунад.
Морин Лу Пен, раҳбари ин ҳизб гуфтааст, ки давлати сусиолисти Фронсуо Улонд дар вокуниш ба ин ҳамалот равиши “тафриқаангез” баргузида ва қасд дорад аз ин роҳпаймоӣ “баҳрабардории сиёсӣ” кунад.
У гуфт дар роҳпаймоии шаҳри Букар дар ҷануби Фаронса, ки аз пойгоҳҳои аслии ҳизби Ҷабҳаи миллӣ аст, ширкат хоҳад кард.
Бернор Кознов, вазири кишвари Фаронса гуфтааст, ки кишвар дар ҳафтаҳои оянда дар вазъияти омодабоши комил хоҳад буд.
Ӯ ҳамчунин аз тадобири амниятии шадид дар ҳангоми баргузории роҳпаймоӣ хабар дод ва гуфт бар рӯйи боми сохтмонҳои тактирандозҳо мустақар мешаванд.
Ҳамзамон бо тазоҳуроти Порис дар ҷанд шаҳри дигари Фаронса, Ландан, пойтахти Бритониё, Вен, пойтахти Утриш ва Модрид, пойтахти Испониё ҳам тазоҳуроте барои ҳамроҳӣ баргузор шудааст.
