АКС: Ҳаяҷони кӯдакон аз мушоҳидаи парвози болун дар Қурғонтеппа
Рузи сешанбеи 16 декабр дар варзишгоҳи "Пахтакор"-и шаҳри Қурғонтеппа дар ҳузури беш аз панҷ ҳазор кӯдакону навҷавонон аз 17 мактаби ин шаҳр парвози болуне ба ҳаво сурат гирифт.

Намояндагии Сандуқи Кӯдакони СММ ё Юнисеф дар Тоҷикистон ба хотири таҷлил аз 25-умин солрӯзи таъсисаш барои кӯдакони Тоҷикистон барномаи фарҳангие дар шаҳри Қурғонтеппа, маркази вилояти Хатлон, баргузор кард.

Намунаҳое аз нақошиҳои шогирдони макотиби шаҳри Қурғонтеппа ва намунаҳои ҳунари дастӣ низ ба намоиш гузошта шуда буд.

Шогирдони макотиби шаҳри Қурғонтеппа барномаи фарҳангие иборат аз рақсу суруд дар ҳузури ҳамсолони худ дар ин рӯз иҷро карданд.

Ин болуни ҳавоӣ қабл аз сафараш ба Тоҷикистон дар кишварҳое мисли Ню Зеланд, Тойлонд, Устролиё, Комбуҷ, Лоус, Чин парвоз кардааст.

Рақси суннатии чинӣ дар иҷрои духтарони тоҷик.

Гурӯҳи навҷавонони доиранавоз, ки дар ин барнома ширкат доштанд, мегӯянд, ки бисёр мехостанд бар фарози шаҳрашон бо болун парвоз кунанд.

Дар кишварҳои Осиёи Миёна ин болун дар барномаҳои таҷлил аз солрӯзи Юнисеф дар Қазоқистон ва Қирғизистон низ ба парвоз даромадааст


Шогирдони 17 мадраса дар шаҳри Қурғонтеппа аз ҷумлаи тамошочиёни ин барнома буданд.





Болун тавҷҷуҳи кӯдакону навҷавононро ба худ ҷалб кард, зеро аксари онҳо ҳаргиз парвози онро аз наздик надида буданд.


Фарзандони кормандони бархе аз созмонҳои байналмилалӣ бо лаптоп ва гӯшиҳои ҳушманд парвози болунро филмбардорӣ карданд.

Бо парвози болун ба ҳаво навҷавонон низ бодкунакҳои худро раҳо карданд

Дар ҳангоми овозхонии ин духтарбача барқ дар варзишгоҳ рафт ва мусиқӣ қатъ шуд, ки ин боъиси нороҳатӣ ва дилозурдагии ӯ гашт.




Донишомӯзони макотиби варзишии шаҳри Қурғонтепа ҳунари худро дар варзишҳои размӣ намоиш доданд.

Парвози болун ҳаяҷон ва шавқу шӯри кӯдакону навҷавононро барангехт.

Лаҳазоте қабл аз иҷрои барнома барои рақсандаҳои ҷавон.

Барои таъмини амният ва назм маъмурони ниҳодҳои зирабт дар маҳал ҳозир буданд.

Як гурӯҳи духтарон бо роҳбарии як хонуми чинӣ, ки устоди рақси онҳо буд, рақси суннатии чиниро иҷро карданд.

Пас аз 15 килуметр парвоз дар ҳумаи шаҳри Қурғонтеппа ин болун фуруд омад.

Мубтакирони баргузории ин барнома гуфтанд, ки ин болун дар кишварҳои дигари ҷаҳон парвози худро идома хоҳад дод.
