Тавофуқи аҳзоби Исроил барои баргузории интихоботи зудрас
Image copyrightEPAРаҳбарони аҳзоби сиёсӣ дар порлумони Исроил тавофуқ кардаанд интихоботи порлумонии ин кишвар дар торихи 17 марти соли ояндаи мелодӣ (26 исфанд) ва ду сол қабл аз мавъиди муқарар баргузор шавад.
Ин тасмим ба дунболи ихроҷи ду вазири калидии кобина тавассути Бинёмин Нетонёҳу, нахуствазири Исроил иттихоз шудааст.
Нахуствазири Исроил Зипӣ Ливнӣ, вазири додгустарӣ ва Ёир Липид , вазири дороиро, ки аз раҳбарони аҳзоби миёна ҳастанд, муттаҳам карда аст, ки дар ҳоли татеъа алайҳи вай ҳастанд.
Хабарнигори Би-би-сӣ дар умури Ховари Миёна мегӯяд давлати Исроил даргири низоъҳои дохилӣ ва дар ҳоли фурӯ пошидан аст ва оқои Нетонёҳу бо қиморе талош дорад то шояд битавонад эътилофи ҷадидеро ин бор эҳтимолан бо аҳзоби мазҳабӣ ба ҷои аҳзоби секулар, шакл бидиҳад.
Оқои Липид, раҳбари ҳизби миёнаи "Йеш атид" аст, ки дар интихоботи соли гузаштаи Исроил шигифтӣ офарид ва бо касби 19 курсӣ, дувумин ҳизби бузурги порлумони Исроил ё кнессет шуд.
Ӯ ва оқои Нетонёҳу дар мавриди маҷмуъае аз масоили иқтисодӣ ва сиёсӣ ихтилофи назар доштанд ва дирӯз, душанбеи аввали декабр гузориш шуд, ки музокироти онҳо шикаст хӯрдааст.
Хонуми Ливнӣ, раҳбари ҳизби Ҳотнуо (Ҷунбиш), ки аз ҳизби Кодимо муншаъиб шудааст, ҳам имрӯз (чаҳоршанбе) гуфт, ки барои поён додан ба умри давлати "ифротии" оқои Нетонёҳу, баргузории як интихоботи зудрас лозим аст.
Оқои Нетонёҳу тибқи қонуни Исроил метавонад эътилофи ҷадиде аз аҳзоби ҳозир дар кнессет ташкил диҳад, аммо аксари чеҳраҳои аслии аҳзоби дигар муътақиданд, ки интихоботи зудрас бояд баргузор шавад.
Дар пайи ихроҷи раҳбари ҳизби "Йеш атид" чаҳор вазири дигари кобина, ки узви ин ҳизб ҳастанд, ҳам гуфтаанд, ки мумкин аст аз симатҳои худ канорагирӣ кунанд.
