Таҷлил аз 100-умин солгарди Зиёдуллоҳ Шаҳидӣ, оҳангсози маъруф
Image copyrightBBC World ServiceРӯзи 27-уми ноябр дар теотри уперо ва болеи Садриддин Айнӣ дар идомаи силсиламаросими марбут ба бузургдошти 100-умин солгарди таваллуди Зиёдулло Шаҳидӣ, оҳангсози маъруф, як маҳфили кунсертӣ баргузор шуд.
Дар ин кунсерт гурӯҳҳои мухталифи ҳунарӣ осори гуногуне аз ин оҳангсози тоҷикро, ки аз 100-солагии ӯ дар соли ҷорӣ бо тасмими ЮНЕСКУ дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон таҷлил мешавад, иҷро карданд.
Ин барномаи кунсертӣ бо намоиши порае аз уперои “Комде ва Мадан” бо оҳанги Зиёдулло Шаҳидӣ оғоз ёфта ва сипас овозхонон ва гурӯҳҳои мусиқии ҳирфаии Тоҷикистон сурудҳо ва оҳангҳои бамеросмонда аз ин оҳангсозро иҷро карданд.
Зиёдуллоҳ Шахидӣ, соҳиби ҷоизаи Абуъабдуллоҳи Рӯдакӣ, волотарин ҷоизаи давлатии Тоҷикистон дар арсаи ҳунар, соли 1914 дар шаҳри Самарқанд дар хонаводаи мусиқинавози машҳур Муқаддасхон ба дунё омад.
Аммо хонаводаи ӯ дар солҳои 1920 ба Душанбе ё Истолинободи вақт кӯч баста ва падари оҳангсоз пас аз ин, дар асари саркӯби истолинӣ даргузашт.
Бо ин ҳол, Зиёдуллоҳ Шаҳидӣ аз таҳсил дар Ҳунаристони Чайковскийи Маскав фориғ шуд ва дар тӯли умраш чаҳор бор намояндаи Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ низ интихоб шуд.
Зиёдуллоҳ Шаҳидӣ аз пешкисватони мусиқии ҳирфаии мудерн дар Тоҷикистон ба шумор меравад.
Мусиқишиносон вижагӣ ва аҳаммияти мусиқии Зиёдуллоҳ Шаҳидиро дар омезиш ва ҳамоҳангии мусиқии суннатии тоҷикон бо мусиқии клоссики ғарбӣ, бавижа дар таҳияи мусиқии самфунии миллӣ мебинанд.
Уперои машҳури “Комде ва Мадан”-и ин оҳангсоз дар хазинаи мусиқии муштараки Уруосиё ҷой гирифтааст.
Коршиносон мегӯянд, ки кору фаъъолияти ҳунарии Зиёдуллоҳ Шаҳидӣ дар рушди мактаби мусиқии муъосири тоҷик ҳоизи аҳаммияти фавқулъодае будааст.
