АКС: Шаҳри Хоруғ аз чашми дурбин
Шаҳри Хоруғ, маркази вилояти худмухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз шаҳрҳои кӯчаку дуруфтода ва кӯҳистонии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ки бо маркази ин кишвар фосилае тӯлонӣ дорад.

Шаҳри Хоруғ дар иртифоъи беш аз 2200 метр аз сатҳи дарё воқеъ аст.

Миёни ин шаҳр ва Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, иртиботи ҳавоӣ мавҷуд аст ва замони парвози ҳавопаймо дар ин масир аз 45 дақиқа то як соъатро ташкил медиҳад.

Ҷамъияти шаҳри Хоруғ беш аз 26,000 нафар аст.

Хоруғро бо Душанбе ду роҳи утумубилрави Хоруғ-Хобурубот- Душанбе, ки 528 килуметр тӯл дорад, ва Хоруғ-Кӯлоб-Душанбе, ки тӯлаш 750 килуметр аст, муттасил мекунанд.

Ду роҳи байналмилалии Хоруғ-Мурғоб–Ӯш марказ ва ҷануби Тоҷикистонро бо Қирғизистон ва Хоруғ- Кулма-Қароқурум бо Чин муттасил мекунанд.

Роҳҳои утумубилрави шаҳри Хоруғ ба тамрину бозсозии комил ниёз доранд.

Дар Хоруғ ду муассисаи омӯзиши олӣ - Донишгоҳи давлатии Хоруғ аз соли 1991 ва Донишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказӣ аз соли 2000 фаъъолият доранд.

Майдони марказии шаҳри Хоруғ дар ду соли ахир шоҳиди чанд тазоҳуроти сокинони маҳаллӣ буд.

Ин шаҳр дар заминаи як рустои кӯчак ба номи Хоруғ дар соҳили се рӯдхонаи Панҷ, Шоҳдара ва Ғунд ҳудуди 100 сол қабл бунёд ёфтааст.

Мушкилоти иҷтимоъӣ, аз ҷумла бекорӣ, шумори зиёде аз сокинони ҷавони шаҳри Хоруғро водор ба муҳоҷират кардааст ва бисёре аз онҳо ба Русия ва кишварҳои дигари хориҷӣ барои дарёфти кор рафтаанд.

Ин ҷавони нобино барои касби даромад барои гузарони рӯзгор дар бозори шаҳри Хоруғ овозхонӣ мекунад.

Бозори марказии шаҳри Хоруғ яке аз маконҳои аслии таҷаммӯъи сокинони шаҳр ва навоҳии атрофи он маҳсуб мешавад.

Рӯдхонаи Ғунд шаҳри Хоруғро ба ду қисмат ҷудо мекунад.

Бонки Урупоии Бозсозӣ ва Тавсеъа дар садади кумак ба бозсозии ситемҳои обрасонӣ ва фозилоби шаҳр аст.

Аксари худравҳо дар роҳҳои мошингарди шаҳри Хоруғ сохтаи Чин ҳастанд, ки бо Бадахшон ҳаммарз аст.

Хатти марзии байни Тоҷикистону Афғонистон низ аз қаламрави Хоруғ мегузарад. Соли 2004 бар фарози рӯдхонаи Панҷ як пули иртиботӣ сохта шуд.
