“Помир”-“Спартак”: 4:4
Image copyrightBBC World ServiceБозии дӯстонаи футболи дастаҳои собиқадорони “Помир” (Душанбе) ва “Спартак” (Маскав) дар варзишгоҳи шаҳри Душанбе бо ҳисоби 4 бар 4 анҷом ёфт.
Ин бозӣ, ки аз тариқи шабакаи телевизиюни Тоҷикистон пахш шуд, ҷолиби таваҷҷӯҳ буда ва тамошочиёни зиёде аз он лаззат бурданд.
Дар ҳайъати дастаи “Помир” бозикунони маъруфе чун Андрей Мананников, Олимҷон Рафиков, Ҳаким Фузайлов, Валерий Турсунов, Владимр Ғуломҳайдаров ва Мӯҳсин Муҳаммадиев ба майдон баромаданд.
Зимнан, ҳоло Мӯҳсин Муҳаммадиев, симмати сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистонро ба ӯҳда дорад.
Аз дастаи “Спартак” футболбозони машҳур, назири Руслан Нигматуллин, Вагиз Хидиятуллин ва Олег Романтсев, ки дар дастаи мунтахаби Иттиҳоди Шӯравӣ низ ҳунарнамоӣ карда буданд, вориди рақобат шуданд.
Рақобати дастаҳои собиқадорони “Помир” ва Спартак” на 45 дақиқаи маъмулӣ, балки дар муддати 35 дақиқаӣ дар ду қисмат баргузор шуд.
Дар ибтидо дастаи футболи меҳмонон ба дарвозаи “Помир” ду тӯб заданд ва баъдан футболбозони тоҷик ҳисобро баробар карданд. Дар ниҳоят, ин бозии дӯстона бо ҳисоби 4 бар 4 анҷом ёфт.
Дар авохири даҳаи 1980 дастаи “Помир” (Душанбе) танҳо дастаи футбол дар Осиёи Марказӣ буд, ки дар лигаи олии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳунарнамоӣ карда ва бо дастаҳои маъруфи он замон, ба мисли “Спартак” (Маскав), “Динамо” (Киев) ва “Динамо” (Тбилисӣ) зӯрозмоӣ карда буд.
Аммо дар пайи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон дар авоили даҳаи 1990 бештари футболбозони маъруф Тоҷикистонро тарк карда ва сатҳи футбол дар ин кишвар ба маротиб поин шуд.
