Зарина Тоҷибоева: Аз дучархаи Комо то Юрувижен

  • 22 Октябр, 2014
Image copyrightBBC World Service

Имсол дар миёни номзадҳо барои ширкат дар озмуни байналмилалии овозхонон - Юрувижен (Eurovision) як овозхони тоҷик низ ҳаст.

Зарина Тоҷибоева, як тоҷики муқими Суис, ки дирӯз оҳанги ҷадиди худро ба қазовати алоқамандон гузошт, бо овозхонони суисии дигар, ки мехоҳанд дар Юрувижен аз Суис намояндагӣ кунанд, ба рақобат пардохтааст.

Хонум Тоҷибоева, ки 39 сол син дорад, соҳиби ду фарзанд ва ҳунарманди ҳирфаии теотр буда ва тайи солҳои ахир дар Олмон ва Суис фаъъолият доштааст.

Ҳамкорамон Шамсияи Қосим бо хонум Тоҷибоева дар бораи тасмимаш дар бораи ширкат дар Юрувижен ва интизороти вай аз ин озмуни байналмилалӣ суҳбат кардааст.

Нахуст дар бораи мароҳиле, ки Шумо барои ширкат дар Юрувижен бояд тай кунед, бигӯед.

Алоқамандони ширкат дар ин озмун то рӯзи 27-уми октябр бояд забти оҳангҳои худро ба масъулони Юрувижен бифиристанд ва ин оҳанг дар интернет гузошта мешавад. Нахуст ҳар кишвар, аз ҷумла Суис, бояд намояндаи худро барои ширкат дар ин озмуни байналмиллалӣ интихоб кунад.

Дар марҳилаи аввал 50 дарсади ороро доварони ҳирфаӣ ва 50 дарсади дигари ороро корбарони интернет медиҳанд. Дар ин марҳила 18 нафар интихоб мешаванд. Дар марҳилаи дуюм 18 нафар барои иҷрои оҳанг ба сурати зинда ба ҳузури доварон даъват шуда ва доварон шаш нафарро барои ширкат дар барномаи зиндаи телевизиюнии Суис интихоб мекунанд.

Ин марҳилаи севум аст ва дар онҷо мардум аз тариқи зангҳои телефунӣ ва паёмак ба овозхонон раъй медиҳанд. Фарде, ки бештарин ороро дарёфт мекунад, дар Юрувижени байналмиллалӣ дар шаҳри Вияни Утриш аз Суис намояндагӣ хоҳад кард, ки ман мехоҳам, ба хости Худо, то ба он марҳила бирасам.

Шумо мехоҳед дар Юрувижен аз Суис намояндагӣ бикунед. Оё қаблан фикри ширкат дар ин озмунро ба намояндагӣ аз Тоҷикистон доштед?

Росташро бигӯям, мутмаин нестам, ки агар дар Тоҷикистон будам, ҳамчунин фикре ба сарам меомад. Ин ки ҳамакнун аз Суис мехоҳам намояндагӣ кунам, танҳо ба хотири он аст, ки ман инҷо зиндагӣ мекунам.

Бештар аз ҳама ба раъйи чи касоне умед бастаед? Оё тоҷикистониён низ метавонанд ба ҷонибдорӣ аз Шумо раъй бидиҳанд?

Умед дорам, ки ҳамаи дӯстонам, ҳамватанонам ба ман раъй медиҳанд, аммо ба тарафдории худи суисиҳо сахт ниёз дорам, чун ҳоло мардуми Суис бояд тасмим бигирад, ки оё мехоҳад ман намояндаи ин кишвар дар Юрувижен бошам ё хайр. Бо ин вуҷуд, тарафдории ҳамватанонам барои ман як олам аҳаммият дорад.

Метавонед бигӯед, ки бо вуҷуди солҳои тӯлонии дурӣ аз Ватан худро ҳанӯз тоҷик эҳсос мекунед? Ва оё дар Тоҷикистон кӣ ҳаст, ки Шуморо аз дур дар ин рақобат тарафдорӣ кунад ва ба Шумо ифтихор кунад?

Ман бешак эҳсоси тоҷик буданро гум накардаам. Ҳар ҳуҷайраи ман тоҷикӣ аст, хуни тоҷикӣ дар шоҳраги ман аст. Ман космополит (ҷаҳонватан) ҳастам: тоҷике, ки дар Шӯравӣ бузург шуда, сипас дар Олмон ва ҳоло дар инҷо, дар Суис зиндагӣ мекунам.

Дар ман фарҳангҳои мухталифи форсӣ, русӣ ва урупоӣ омезиш ёфтаанд. Ман медонам, ки кишвари ман, Тоҷикистон, аз ман пуштибонӣ мекунад ва ба ман ифтихор мекунад. Медонам, ки онҳо аз ин ки як тоҷик дар Урупо ба беҳтар кардани симои Тоҷикистон мусоъидат мекунад, шод мешаванд.

Тоҷикистониён чи тавр метавонанд ба Шумо раъй бидиҳанд?

Бояд ҳамон сафҳаеро, ки дар он видию ва оҳанги ман нашр шуда, бираванд ва дар онҷо дар гӯшаи рост рӯйи тасвири дилчае клик бикунанд.

Бигӯед, чи тавр шуд, ки Шумо ҳоло дар Суис ба сар мебаред? Дар онҷо ба чӣ коре машғулед?

Ман аз соли 2008 дар Суис зиндагӣ мекунам. Шавҳарам суисӣ аст. Ман инҷо дар бахши ҳунарманди теотр дарс хондам. Ҳангоми таҳсил оҳиста-оҳиста шурӯъ кардам ба овозхонӣ. Дар соли 2012, пас аз гирифтани диплуми ҳунарманди теотр ба Фарҳангистони мусиқии Сурих ворид шудам.

Аз он замон устоди овозхонӣ дорам. Муддате дар теотри уперо кор кардам, аммо дар онҷо ҳанӯз овоз намехондам. Ҳоло машғули тарҷумонӣ ҳастам. Тарҷумони забонҳои форсӣ ва русӣ ҳастам ва дар тарҳҳои мухталиф ҳунарпешагӣ ва овозхонӣ мекунам.

Ҳамчунин раиси Анҷумани “Ҳамсароии Миллатҳо” ҳастам. Онҷо афроде аз миллатҳои мухталиф узв ҳастанд ва мо ба забонҳои мухталиф овозхонӣ мекунем. Мехоҳам соли оянда ба забони тоҷикӣ (форсӣ) оҳанге омода кунем.

Чӣ шуд, ки тасмим гирифтед дар Юрувижен ширкат кунед?

Рена Гели, оҳангсози озарбойҷонӣ, ки ӯ ҳам дар инҷо зиндагӣ мекунад, маро ба ин фикр водор кард. Гуфт: “Дар Юрувижен ширкат мекунем - ман оҳанг менависам, ту иҷро мекунӣ.”

Пас оҳанги “We fly”-ро ӯ навиштааст?

Бале, матни оҳангро мо ҳамроҳ навиштем, аммо вершини ниҳоиро Ҷенис Ҳатчинсон навишт. Кор хеле сода оғоз шуд, аммо сипас ба кори ҷиддӣ табдил шуд ва авҷ гирифт. Ба ман дӯстонам, истудию, як филмбардори матраҳ ва коргардон ва дигарон кумак карданд.

Оё то куҷо бовар доред, ки суисиҳо як хориҷиро ба унвони намояндаи кишварашон дар Юрувижен интихоб хоҳанд кард? Ё онҳо миллатгаро нестанд ва танҳо ба хотири истеъдодатон раъй медиҳанд?

Ман забони олмониро ба таври комил медонам ва инсони хеле боз ҳастам, вале нажодпарастон дар ҳамаи ҷо ҳастанд. Ман то ҳол бо мушкили ҷиддие дар ин замина рӯбарӯ нашудаам ва умедворам, ки нахоҳам шуд.

Албатта, бо бархурдҳои кӯчаке бо бархе ибрози назарҳои нажодпарастона мувоҷеҳ шудам, аммо басодагӣ омилонро сари ҷояшон менишонам. Чунин одамонро аҳмақони тарсу мешуморам. Аммо фикр мекунам мардум ҳам ба хотири садо, ҳам ба хотири оҳанг ва ҳам бар асоси миллату нажод раъй медиҳанд. Ба ҳар рӯй, умед дорам, ки агар аз ман хушашон ояд, ман шонс дорам.

Раъйдиҳӣ аз кай оғоз шуд? Дунбол кардани раъйдиҳӣ ҳатман хеле ҳаяҷонангез аст?

Дақиқан раъйигирӣ нест, шумораи бинандаҳо ва кликҳо рӯйи видиюи ман аст. Бале, як каме дар ҳаяҷонам, аммо дар кул зиёд нигарон нестам ва барои сурудхонии зинда дар пеши доварон омодагӣ мебинам.

Наздиконатон ба идеи ширкати Шумо дар Юрувижен чӣ вокуниш нишон доданд?

Тарафдорӣ карданд. Шукӣ шуда буданд (механдад). Албатта шукӣ ба маънои хубаш. Бародарам гуфт, ҳеҷ мумкин нест, ки ин хоҳари ман бошад. Гуфт, ба овозхони Юрувижен намеояд, ки хоҳари ман бошад. Ба хотири ин ки ӯ ҳанӯз тасвири кӯдакии маро пеши чашм дорад.

Оё Шумо дар кӯдакӣ чи тавр будед, ки намеояд ҳоло овозхони Юрувижен бошед?

Манзураш ин аст, ки таваққуъ надошт, ки рӯзе ман овоз мехонам ва як каме машҳур мешавам (механдад).

Дар кӯдакӣ ман кӯдаки шайтоне будам. Бо дучархаи Комо (Кама) дучархасаворӣ мекардам, ки дар миёни духтарони тоҷик кампайдо буд. Шалвори ҷинс ба тан, бо кокули баланд, болои дучарха ва сагам ҳам аз пушти дучархаам медавид. Ҳарчанд ман дар мактаби тоҷикӣ таҳсил кардам ва яке аз муъаллимонам ба ман мегуфт, ки “одам намешавӣ...” (механдад)

Аз дучархаи Комо то ба саҳнаи Юрувижен расидед... Оё ин роҳ осон буд?

Не. Осон набуд. Ҷанг дар Тоҷикистон, муҳоҷират, талош барои сохтани зиндагие дигар, ҷустуҷӯи худии худ. Суолатон ашкамро даровард ва диламро дард дод...

Бубахшед.. Ҳоло ки ҳама чиз хуб аст...

Бале, ҳоло ҳама чӣ олист. То Виян роҳ тӯлонӣ аст, аммо ман ба худ бовар дорам.

Чӣ чиз ба Шумо кумак кард ин нишебу фарозҳоро пушти сар кунед?

Танз ва қавӣ будан. Аммо фикр мекунам танз бештар кумак кард. Пас аз душвортарин ва хатарноктарин вазъиятҳо ман метавонистам бихандам ва дар бораи он вазъият шухӣ бикунам.

Гуфтед, ки дар ҷустуҷӯи худ будед. Оё худро пайдо кардед?

Бале, ёфтам. Ёфтам ва он гоҳ ҳама чиз хуб шуд, рӯ ба роҳ шуд. Ман тоҷикам ва аз решаҳои тоҷикӣ қувват мегирам. Ин ки ҳар Наврӯз саману дуруст мекунам, шояд беҳикмат нест (механдад).

Ва ҳоло талошамро дар Юрувижен мекунам. Аммо барои расидан ба инҷо солҳо болои худ кор кардам ва ҳанӯз ҳам ин кор идома дорад. Ба худ мегӯям – кор кун, фикратро кунтрул кун, вагарна фикрат туро кунтрул мекунад.

Ташаккур барои суҳбат ва муваффақият ба Шумо!