Ҷавоизи имсоли 'Дидор' ба филмсозони афғон, гурҷӣ ва рус эъто шуд
Image copyrightBBC World ServiceРӯзи Душанбеи 20-уми октябр “Дидор-2014”, ҷашнвораи байналмиллалии синемо дар Тоҷикистон, поён ёфт.
Имсол ҷавоизи аслии ин ҷашнвора, ки ҳамасола бо ҳимояти молии Сандуқи Сурус баргузор мешавад, ба синемогарони Афғонистон, Гурҷистон ва Русия эъто шуд.
Ҷоизаи беҳтарин коргардон дар ин ҷашнвораро Ходими Ҳусайни Беҳнома ва Вайси Санҷар, коргардонҳои Афғонистон, барои филми сеқисматии "Сегона" бурданд. Ин филм достони занеро ба номи Саъодат ба пардаи синемо кашидааст.
"Санҷиш"-и Александр Котт, коргардони Русия, ҷоизаи беҳтарин филми баландро ба худ ихтисос дода ва ҷоизаи севумро Марям Хатчаванӣ, коргардони гурҷӣ, барои филми кӯтоҳи худ “Динола” гирифт.
“Хуни халқ”, сохтаи Зайналобиддини Мӯсо, ва “Як ҷаҳон аз ману ту”, кори муштараки Муҳаббати Сатторӣ, Бахтиёр Каримов ва Улуғбек Содиқов, ҷоизаи тамошочиёнро ба худ ихтисос доданд.
Дар бахши филмҳои кортунӣ Бахтиёр Қаҳҳоров ҷоизаи беҳтарин кортунро ба даст овард.
"Дидор" танҳо ҷашнвораи байналмилалии синемо дар Тоҷикистон аст, ки аз соли 2004 бад-ин сӯ як сол дар миён баргузор мешавад.
Ин бор ҷашнвора, ки аз 16 то 20-уми октябр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, ба 110-умин солгарди Комил Ёрматов, бунёдгузори синемои Тоҷикистон ва Узбакистон, бахшида шуда буд.
Қаблан мусъулони ин ҷашнвора гуфта буданд, ки дар соли ҷорӣ будҷеи ҷашнвора 30 дарсад пойин шуда ва ба далели камбуди будҷе ҳузури меҳмонони даъватшуда ба ҷашнвора низ 75 дарсад камтар будааст.
Дар бахшҳои гуногуни ин ҷашнвора, бо шумули филмҳои озмунӣ ва ғайриозмунӣ, 70 филм, аз ҷумла 12 филми сохтаи Тоҷикистон, ба намоиш гузошта шуд.
Аз онҷо ки ҷашнвора ба солгарди Комил Ёрматов бахшида шуда буд, дар бахши "ретру"-и ин ҷашнвора ду филми Комил Ёрматов ба намоиш даромад.
Алоқамандон ҳамчунин тавонистанд се мустанади қадимии Влодимир Ерофеев, коргардони машҳури солҳои 1930-ро, дар бораи се кишвари форсизабони Тоҷикистону Афғонистон ва Эрон бубинанд.
Дар ҷашнвора ҳамчунин филмҳои нави Муҳсини Махмалбоф, коргардони эронӣ, мустанади бахши форсии Би-би-сӣ, сохтаи Ҳасани Сулҳҷӯ, ки ба зиндагиномаи ин филмсоз бахшида шуда, ба намоиш даромаданд.
Ҳамакнун ба гуфтаи масъулони Дидор-2014 даҳ филми ин ҷашнвора бо кумаки молии сафорати Омрико дар Тоҷикистон дар шаҳрҳои Конибодом ва Панҷакент дар нимаи моҳи оянда намоиш дода хоҳанд шуд.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи масъулони ҷашнвора, "Дидор", ки дар соли ҷорӣ 10-сола шуд, мумкин аст ба далоили молӣ охирин ҷашнвораи "Дидор" дар Тоҷикистон буда бошад.
Сафари Ҳақдод, раиси ҷашнвораи "Дидор" ва раиси Иттиҳодияи синемогарони Тоҷикистон, қабл аз оғози ҷашнвора гуфта буд: "Сандуқи Сурус, ки то ҳоло аз ин ҷашнвора ҳимояти молӣ мекард, эълом дошт, ки ба далели баста шудани будҷеи тарҳҳои ҳунарӣ дар Осиёи Миёна аз ҷашнвораҳои баъдии "Дидор" ҳимояти молӣ нахоҳад кард. Маълум нест, ки ду сол баъд чӣ мешавад."
Ӯ гуфт, ки дар тӯли ин солҳо ҳимояти молӣ аз ин ҷашнвора мебоист ба давлати Тоҷикистон ва сармоягузорони бахши хусусӣ вогузор мешуд, аммо ин кор то лоҳо анҷом нашуда ва маълум нест, ки оё ду сол пас ин ҷашнвора ҳомии молӣ хоҳад дошт ё хайр.
