Олейников мураббиёни футболи Тоҷикистонро омӯзиш медиҳад
Image copyrightBBC World ServiceФедеросиюни футболи Тоҷикистон тасмим гирифтааст як давраи омӯзишӣ барои мураббиёни футболи ин кишвар баргузор кунад.
Тибқи ин тасмим, шаҳри Душанбе аз 15 то 25 октябр мизбони давраи омӯзишии мураббигарии байналмилалии футбол дар чорчӯби барномаҳои ҳамбастагии улампик хоҳад буд.
Мураббии ин давраҳо Сергей Олейников, футболисти машҳур аст, ки ба унвони беҳтарин бозикун дар 50 соли охири торихи футболи Белорус шинохта шудааст.
Ӯ ҳофбеки собиқи тимҳои “Динамо”-и Минск ва “Ювентус”-и Итолиё, қаҳрамони Урупо дар тими Иттиҳоди Шуравӣ ва тайи чанд сол мураббии теъдоде аз тимҳои Итолиё буд.
Сергей Олейников ба торихи 7 ноябри соли 1961 дар шаҳри Минск, пойтахти Белорус, мутавалид шуда ва ба унвони ҳофбек дар тимҳои мухталиф, аз ҷумла дар солҳои 1981 то 1989 дар тими “Динамо”-и Минск, солҳои 1989-1990 дар “Ювентус” ва “Турин”ва аз 1990 то 1993 дар тими “Лече”-и Итолиё бозӣ кард.
Вай солҳои 1993-1995 дар тими “Гомбо-Оско”-и Жопун, соли 1996 дар тими “Одеволде”-и Суэд, ва соли 1997 тими “Норилёно”-и Итолиё бозӣ кардааст. Вай қаҳрамони Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравӣ дар соли 1982 ва барандаи ҷоми УЕФА дар соли 1990 буд.
Оқои Олейников дар тими миллии Иттҳоди Ҷамоҳири Шуравӣ 77 бозӣ карда ва дар чаҳор бозӣ дар тими Улампики Иттиҳоди Шӯравӣ ширкат намуда ва як тӯп ба нишон расондааст.
Баргузории ин давраҳои омӯзишӣ дар ҳолест, ки ахиран Ҳамза Пиров, Акбар Иброҳимов, Собир Ҳотамов, Алибек Амирбеков ва Фурқат Рустамов аз ҳуқуқи доварӣ дар мусобиқоти лиги олӣ ва лиги аввали кишвар то охири соли ҷорӣ маҳрум шуданд.
Бахши бозрасӣ ва ё назорати Федеросиюни футболи Тоҷикистон тасмим гирифт, ки онҳоро "ба далели нақзи қавонини байналмилалии футбол" аз ҳуқуқи доварӣ то охири соли ҷорӣ маҳрум кунад.
