Федеросиюни футболи Тоҷикистон чанде аз доваронро халъи салоҳият кард
Бахши бозрасӣ ё назорати Федеросиюни футболи Тоҷикистон тасмим гирифта, ки чанде аз доварони мусобиқоти футболи лиги аввал ва лиги олии ин кишварро ба далели нақзи муқаррароти байналмилалии футбол аз ҳуқуқи доварӣ то охири соли ҷорӣ маҳрум кунад.
Ҳамза Пиров, Акбар Иброҳимов, Собир Ҳотамов, Алибек Амирбеков ва Фурқат Рустамов аз ҳуқуқи доварӣ дар мусобиқоти лиги олӣ ва лиги аввали Тоҷикистон то охири соли ҷорӣ маҳрум шудаанд.
Кумитеи бозрасии Федеросиюни футболи Тоҷикистон таҳти риёсати Абдураҳим Бобоев мусаввабае дар ин замина содир кардааст. Ин кумите мегӯяд, ки доварон ба хотири нақзи фасли 9-уми банди 12-уми муқаррароти инзиботии мусобиқоти футбол барканор шудаанд.
Аз миёни ин доварон, Ҳамза Пиров дар бозии дӯстонаи тими миллии ҷавонони кишвар, “Парвоз” бо тими “Регар-Тадаз” доварӣ мекард. Маҳрумияти ин афрод аз ҳуқуқи доварӣ дар ҳолест, ки тимҳои футболи Тоҷикистон тайи як соли ахир дар чанде аз мусобиқоти байналмилалӣ бо шикаст мувоҷеҳ шудаанд.
