Тоҷикистон аз Шӯрои улампики Осиё барои бунёди варзишгоҳҳо ёрӣ хост
Image copyrightBBC World ServiceРаиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва гардишгарии Тоҷикистон, дар Куреи Ҷанубӣ, бо шайх Аҳмад Фаҳд ал-Аҳмад ас-Сабоҳ, раиси Шӯрои Улампики Осиё дидору гуфтугӯ кардааст.
Шаҳри Инчуэни Куреи Ҷанубӣ мизбони 17-умин бозиҳои осиёӣ аст.
Оқои Абдуллозода дар ин мулоқот таъкид кардааст, ки имрӯз Тоҷикистон ба ҳимояти Шӯрои Улампики Осиё дар сохтусоз ва бозсозии амокини варзишӣ, аз ҷумла варзишгоҳҳо, ниёз дорад.
Раиси шурои Улампики Осиё дар гузашта ду бор ба Тоҷикистон сафар карда ва бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури ин кишвар дидору гуфтугӯ дошт.
Оқои Аҳмад ас-Сабоҳ дар суҳбатҳои худ ибрози итминон намуда, ки таваҷҷуҳи раисҷумҳури Тоҷикистон ба бахши варзиш натиҷаҳои хубе ба бор меоварад ва тарҳҳои дар ҳоли анҷоми давлат метавонад батадриҷ варзишро дар ин кишвар тавсеъа бахшад.
Оқои Абдуллозода ба унвони меҳмон дар бозиҳои осиёӣ дар шаҳри Инчуэни Куреи Ҷанубӣ ширкат дорад. Ин дар ҳолест, ки аз миёни беш аз 90 варзишкори тоҷик, ки дар 17-умин бозиҳои осиёӣ дар Куреи Ҷанубӣ ширкат доранд, то кунун дар ҳеҷ бахше медоле ба даст наовардаанд.
Бозиҳои Улампики Осиё то 4 октябр идома хоҳанд дошт, аммо соҳибназарон мегӯянд, ки шонси варзишкорони тоҷик дар ба даст овардани медол хеле андак аст.
Дар ҳамин ҳол, аз миёни кишварҳои ширкаткунанда дар 17-умин бозиҳои осиёӣ дар Куреи Ҷанубӣ варзишкорони чинӣ дар ҳисоби умуми дастаӣ беш аз ҳама медол гирифта ва дар садри ҷадвал қарор доранд.
