Нахустнамоиши филми "Муаллим"

  • 16 Сентябр, 2014
филми МуаллимImage copyrightBBC World Service

Шоми рузи шанбе, 15 сентябр дар кохи "Ҷомӣ" дар шаҳри Душанбе нахустнамоиши филми "Муаллим"-и Носир Саидов, коргардони шинохтаи Тоҷик баргузор шуд.

Филми "Муаллим" достони зиндагии душвари омӯзгорон дар авохири солҳои 1990-ро дар Тоҷикистон ба тасвир кашидааст.

Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравии собиқ низоме, ки мактабу маорифро дар тамоми ҷамоҳири шуравӣ мечархонд, ба ҳам мехӯрад ва идуулужие, ки солиёни дароз мардум бар он бовар доштанд ва як навъ низоми зиндагии онҳо буд, нодаркор ва ғалат шуморида мешавад.

Дар филм афроди сину солашон гуногун ҳар кадоме аз дидгоҳи худ ба мактабу маориф ва муаллим назар мекунанд ва дар баъзе авқот мухолифатҳо қаҳрамонони филмро то ба муноқишаҳо мебарад.

Маҳноз Афшор, ҳунарпешаи теотр ва синамои Эрон нақши аслии занро дар филми "Муаллим" иҷро мекунад ва Носир Саидов коргардони ин филм қабл аз намоиши ин филм гуфт: "Агарчи ин нахустин сафари хонум Афшор ба Тоҷикистон ва ошноии ӯ бо фарҳанги тоҷикон буд, аммо ӯ нақши қаҳрамонашро дар ин филм хеле хуб иҷро кард."

Мутасадиёни баргузории ин нахустнамоиш ишора бар он карданд, ки ба далоили гирифторӣ хонум Афшор натавонист дар маросими нахустнамоиш ширкат кунад.

Мунаққидони синамо мегӯянд дар замони шуравӣ ҳамасола аз 12 то 15 филми ҳунарӣ киностудиёи "Тоҷикфилм" таҳия мекард ва дар аксари филмҳо ҳунарпешаҳо аз хориҷ аз кишвар даъват мешуданд ва ҳунарпешаҳои теотру синамо он замон аз иҷрои нақш дар филмҳо ҳуқуқи хубе дарёфт мекарданд.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Маҳноз Афшор, ҳунарпешаи теотр ва синамои Эрон нақши аслии занро дар филми "Муаллим" иҷро мекунад

Ин дар ҳолест, ки баъди солҳои 1990 пас аз касби истиқлоли Тоҷикистон ба далоили мушкили молӣ, набуди васоили фаннии муосир ва камбуди нерӯи кормандҳои ҳирфаӣ теъдоди филмҳои ҷадид дар сол ба маротиб коҳиш ёфта қариб, ки ҳунарпешаҳои хориҷӣ барои иҷрои нақш дар филмҳои тоҷикӣ даъват намешуданд.

Яке аз қаҳрамонони аслии мардро дар филм Марат Орипов, ҳунарпешаи маъруфе, ки дар филми "Қисмати Шоир" нақши Рӯдакиро офаридаст иҷро мекунад. Марат Орипов дар бештар аз 20 сол дар ҳеҷ як филм дар кишвар нақш наофарида буд ва ончунон, ки худи ӯ дар нахустнамоиши ин филм гуфт: "Он филмномаҳое, ки дар ин чанд соли охир ба ман пешниҳод мешуданд, аксаран хом ва нокомил буданд. Аммо вакте, ки ин филмномаро хондам ва бо он ошно шудам аз мӯҳтавои он хушам омад ва аз забони қаҳрамонони ин филмнома хушам омад"

Дар қатори тамошочиёни ин филм Давлат Худоназаров, коргардони саршиноси кишвар низ ҳузур дошт, ки дар як сӯҳбати кӯтоҳ гуфт: "Хеле хурсандам, ки ин гуна филмҳо дар кишвар имруз таҳия мешаванд ва хушҳолам, ки имруз бозии олии Марат Ориповро дар ин филмҳо дидам, бояд коргардонҳои тоҷик аз ҳунари ингуна ҳунарпешаҳои ҳирфаӣ ҳарчи бештар дар филмҳои худ истифода кунанд"

Инчунин ҳунарпешаҳои шинохтаи дигар мисли Қурбони Собир, Абдукарим Машрабов, ки яке аз нақшҳои аслии мардро дар ин филм бозӣ кард ва Суҳроб Ҷанҷолов, ҳунарпешаи теотри "Ҷавонон", Зулфия Содиқова, Раҳмондӯсти Қурбониён, Аловиддин Абдуллоев, Соро Музофиршоева ва чанде дигарон дар филми "Муаллим"нақш офаридаанд.

Сафар Ҳақдод, раиси иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон, ки муалифи ин филмномааст мегӯяд: "Ҳадафи аслӣ он буда, ки мо эътибори муалим ва ё омузгорро дар ҷомеъа дубора боло бубарем ва мисли гузаштаҳо омузгор боз як пешаи шарафманд ва пурифтихор бошад. Бигузор омузгороне, ки дар мадорису макотиби олӣ барои шогирдон илму адаб меомузанд барои шогирдони худ улгӯ бошанд."

Мусиқии ин филмро Далер Назар, оҳангсоз ва овозхони саршиноси кишвар навиштааст.

Филми "Муаллим" савумин филми Носир Саидов, коргардони шинохтаи тоҷик аст. Филмҳои ӯ "Қиёми рӯз" ва "Оинаи беҷило" дар ҷашнвораҳои мухталифи байналмилалӣ ҷоизаҳои беҳтарин филмнома ва беҳтарин бозигарро ба худ ихтисос додаанд.