Нахустнамоиши филми "Паймон"
Image copyrightBBC World ServiceШоми рузи шанбе 6 сентябр дар кохи "Ҷомӣ"-и шаҳри Душанбе нахустнамоиши филми ҷадиди Муҳиддини Музаффар, коргардони ҷавон таҳти унвони "Паймон" баргузор шуд.
Ин филм аз рӯи филмномаи Бахтиёр Каримов, дромнавис ва филмноманависе, ки таи чан соли охир дар хориҷ аз кишвар дар Русия ва Қазоқистон ба сар мебарад наворбардорӣ шудааст.
Дилошуб Орифзода, продюсер ва ё тавлидкунандаи ин филм мегӯяд достони ин филм атрофи хонаводаҳои зиёӣ мечархад, ки чӣ гуна ҷавонон бо дардаст доштани мадраки донишгоҳӣ наметавонанд дар кишвар кор пайдо кунанд ва мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ чӣ гуна бар зиндагии онҳо таъсир мегузораду боъиси пошхӯрии оилаҳои ҷавон мешавад."
Оқои Орифзода афзуд, ки: "Нусхаи аслии ин асар ба забони русӣ навишта шуда буд ва баъди имзои қарордод бо муаллиф мо онро харидорӣ намудем, дар ҳамдастӣ бо муаллиф чанд саҳнаи дигар бар он илова кардем ва филмномаро ба забони тоҷикӣ баргардон намудем."
Оқои Орифзода мегӯяд филм ба пуррагӣ дар шаҳри Хуҷанд филмбардорӣ шудааст ва яке аз шартҳои коргардони филми "Паймон" он буда, ки аксари қаҳрамонони филм бояд ҳунарпешаҳои ҳирфаӣ бошанд. Ӯ афзуд: "Агар ҳунарпеша ҳирфаӣ набошанд, ҳатман бояд таҷрубаи дар синамо нақшофариро дошта бошанд."
Нақши аслии мардро дар ин филм Сироҷиддин Ғафурӣ, коргардон ва ҳунарпешаи синамо иҷро мекунад, нақши аслии занро Таҳмина Раҷабова, муҷрии барномаҳои телевизиони "Сафина"ва ҳамчунин дар чанд филми синамогарони Эрон нақш офаридааст, бозӣ мекунад.
Ҳамчунин Қурбони Собир, ҳунарпешаи саршиноси теотр ва синамо дар филм нақши Зубайд як афсари низомиро иҷро мекунад.
Инчунин чанд ҳунарпеша аз теотри Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд дар филм нақш офаридаанд мисли Озода Аҳадова, Саёда Турсунова.
Дар ҳоле, ки зиёде аз синамогарони ҳирфаӣ ба далели мушкили молӣ тавони филмбардориро надоранд, як гурӯҳ ҷавонони хуҷандӣ пул пайдо намуда ҳатто ҳунарпешаҳои ҳирфаиро дар ин филм ҷалб намуданд.
Дар ҳамин ҳол созандагони филм мегӯянд, ки агарчи барои ҳунарпешаҳо дар филм пули зиёде пардохт накардаанд аксари ҳунарпешаҳо изҳори омодагӣ кардаанд, ки дар ин филм нақш офаранд.
Оқои Орифзода мегӯяд: "Мехоҳам аз тиме, ки дар таҳияи ин филм паҳлу ба паҳлуи мо истода бидуни ҳеҷ маблағе саҳм гузоштанд, ташаккур кунам. Танҳо муҳаббат ва садоқати ҳамин ҷавонон буд, ки мо дар якҷоягӣ ин филмро имрӯз пешниҳоди тамошочиён мекунем."
Таблиғ дар пардаи синамо
Дилошуб Орифзода гуфт: "Созандагони филм мегӯянд яке аз роҳҳои пайдо кардани маблағ бари таҳияи филм ин мутақоид сохтани тавлидкунандагони молу маҳсулотаст барои сармоягузорӣ кардан дар филм ва дар ҷавоб тамошочиён коло ва ё маҳсулоти онҳоро дар назд ва ё дасти қаҳрамонони филм хоҳанд дид."
Бисёре аз соҳибназарон дар Тоҷикистон мегӯянд аз ин навъи таблиғ, ки дар Омрико ва Урупо хеле фаровон аз он истифода мешавад, дар синамои ватанӣ аз он истифода намешавад.
Ба иттилоъи созандагони филм ҳудуди 45 ҳазор дулор барои таҳияи ин филм масраф шуда, ки аз нисф бештари ин маблағ маҳз аз тариқи сармоягузорони хусусӣ ба даст омадааст.
Дар бахши тавлидкунандаҳои ин филм телевизиони "Сафина" ва телевизиони "Танин"-и шаҳри Хуҷанд зикр шудаанд. Он гуна ки созандаҳои ин филм мегӯянд, аз рӯи қавонини кишвар танҳо истудию ва корхонаҳои дорои муҷавизи тавлидкунандаи маҳсулоти аудио визуалӣ ҳуқуқи наворбардории филмро дар кишвар доранд ва филмофарон зери сояи ин ду телевизиюн филмро банавор гирифтаанд.
Тибқи қарордод бо ин телевизионҳо танҳо пас аз нахустнамоиш ва маҷмуъи намоишҳо дар синамохонаҳои кишвар ин ду телевизиюн ҳуқуқи намоишиши филмро дар шабакаи худ доранд.
Бинандагони синамоӣ ин филмро дар ҳаҷми ду соат тамошо мекунад, аммо вершани телевизионии филм аз панҷ қисм иборатаст.
Пас аз филми "Ормонҳо", ки соли 2010 пешниҳоди тамошочиён гардид, "Паймон" дуввумин филми ҳунарии коргардон Муҳиддини Музафар аст, аммо дар баробари саркоргардони теотри ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом инчунин филмҳои кутоҳ ва мустанад низ филмбардорӣ кардааст.
