Гурӯҳи ҶИӮ дар Маскав хунсо шуд
Ниҳодҳои интизомии Русия дар ноҳияи Ясеновои шаҳри Маскави Русия гурӯҳе аз аъзои Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистонро (ҶИӮ) боздошт кардаанд.
Бино ба иттилоъи дафтари матбуъоти Вазорати умури дохилаи Русия, аъзои ин гурӯҳ сокинони кишварҳои Осиёи Марказӣ буда, аммо теъдод ва ҳуввияти ин афрод эълом нашудаст.
Ин манбаъ гуфтааст, аз назди аъзои ҶИӮ 200 адад шиносномаи Русия, 15 адад шиносномаи хориҷии русӣ, беш аз 40 адад шиносномаҳои атбоъи хориҷӣ ва соири асноди ҷалъӣ кашф ва мусодира шудааст.
Ниҳодҳои бозрасии Русия дар мавриди ин ҳодиса парвандаи ҷинойӣ боз карда ва тафтишот дар ин замина идома доштааст.
Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистон ба феҳристи байналмилалии созмонҳои терруристӣ шомил шуда ва фаъъолияти ин созмон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мамнӯъ эълом шудааст.
