Боздошти ду табаъаи тоҷик ба занни қочоқи ҳеруин дар Русия

  • 29 Август, 2014

Масъулони Додситонии кулли Русия аз боздошти ду табаъаи Тоҷикистон бо 12 килуграм ҳеруин дар он кишвар хабар доданд.

Торнамои ин ниҳод рӯзи ҷумъаи 29 август нивишт, ки ин ду нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз сӯйи кормандони Идораи федероли мубориза бо маводди мухаддири Русия дар шаҳри Челябинск боздошт шудаанд.

Ҳувияти ин афрод мушаххас нест, вале дар ин хабар омада, ки ин сокинони 53 ва 32-сола муттаҳам ба узвият дар як гурӯҳи созмонёфти қочоқи маводди мухаддир будаанд.

Кормандони Додситонии кулли Русия мегӯянд, ки ин ду табаъаи Тоҷикистон дар боздоштгоҳи муваққатӣ дар ин шаҳр ба сар мебаранд ва дар сурати исботи ҷароими онҳо додгоҳ метавонад онҳоро барои қочоқи миқдори зиёди маводди мухаддир ба муддати тӯлонӣ ва ё ҳукми абад маҳкум кунад.

Ин дар ҳолест, ки тибқи гузоришҳои расмӣ, дар зиндонҳои Русия дар ҳоли ҳозир беш аз панҷ ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба сар мебаранд, ки додгоҳҳои он кишвар беш аз 50 дарсади ин афродро ба иттиҳоми қочоқи маводди мухаддир равонаи маҳбасхонаҳо кардаанд.