Боздошти як сокин ба занни “даллагӣ” дар шаҳри Душанбе

  • 25 Август, 2014

Масъулони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти як сокини шаҳри Душанбе ба занни даллагӣ хабар додаанд.

Дар торнамои ин ниҳод, омадааст, ки ин сокини 23-сола дар як амалиёти вижаи пулис боздошт шуда ва парвандаи ҷинои алайҳи ӯ боз шудааст.

Таҳқиқоти муқаддамотии пулис мушаххас кардааст, ки ин сокин дар ҳаммоми мавсум ба “Панҷшер”, воқеъ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе шароит барои довталабон барои алоқаи ҷинсиро муҳаё карда ва дар изо аз онҳо пул мегирифтааст.

Кормандони вазорати умури дохила мегӯянд, ки дар се моҳи ахир мубориза бо “бадахлоқӣ” дар сартосари Тоҷикистонро тақвият кардаанд.

Се рӯзи қабл пулис аз боздошти як сокини 24-сола ба занни ҳамхобагӣ бо духтари зери синни қонунӣ иттилоъ дода буд.

Пайвандони духтар ба пулис шикоят кардаанд, ки ин ҷавон духтарро бо роҳи фиреб ба манзилаш бурда ва бо ӯро бо роҳи зӯроварӣ ба ҳамхобигӣ маҷбур мекунад.