Парванда алайҳи як сокини Рӯдакӣ ба занни қаллобӣ

  • 22 Август, 2014

Масъулони Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон мегӯянд, ки алайҳи як сокини ноҳияи Рӯдакӣ ба занни қаллобӣ ва тасарруфи маблағи ҳангуфт парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Тибқи иттилоъи торнамои ин ниҳод, ин зан муттаҳам шуда, ки бо роҳи фиреб аз як сокини дигари ин ноҳия 85 ҳазор дулорро гирифта ва ба ӯ бозпас надодааст.

Масъулони ин ниҳод мегӯянд, ки ин зан дар изои ин пул ба хонаводаи шокӣ кор дар яке аз созмонҳои байналмилалӣ ва пазируфтани яке аз фарзандонаш ба Донишгоҳи пизишкиро ваъда кардааст.

Таҳқиқоти муқаддамотӣ мушаххас карда, ки ин зан ваъдаи худро иҷро накарда ва афзун бар он аз бозгардондани сармоя ба хонаводаи шокӣ худдорӣ кардааст.