Боздошти ду фард ба занни сӯйиқасд ба ҷони як сокини Рӯдакӣ
Масъулони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ду сокини ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳумаи шаҳри Душанберо ба иттиҳоми тавтеъа барои сӯйиқасд ба ҷони як сокини ин ноҳия боздошт кардаанд.
Торнамои ин ниҳод хабар додааст, ки ин ду фард ҳамчунин дар лату кӯб ва расонидани зарарӣ ҷисмонӣ ба Муқим Қосимови 21-сола, сокини деҳаи Ҳазораи ин ноҳия муттаҳам ҳастанд.
Тибқи таҳқиқоти пулис, ин ду фард бо ҷоқу мусалаҳ шуда ва соъати 20:35 дақиқиаи вақти маҳаллии рӯзи 7 август ба манзили маскунии оқои Қосимов, воқеъ дар ин русто ҳуҷум кардаанд.
Пулис ҳуввияти ин афродро низ мушаххас карда ва мегӯяд, ки Абдурасул Абдуманонови 38-сола ва Маҳмадраҳими Абураҳимзодаи 33-сола оқои Қосимовро шадидан лату кӯб карданд, ки дар натиҷа ин сокин бо ҷароҳати сангин дар бемористон бистарӣ шудааст.
Дар ҳамин ҳол, дар хабари дигаре пулис аз боздошти як сокини 18-сола ба занни таҷовуз ба номуси духтари 15-солаи маълули ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳумаи пойтахти Тоҷикистон иттилоъ пахш кардааст. Дар робита ба ин воқеъа пулис парвандаи ҷиноиро боз ва таҳқиқоти онро идома медиҳад.
