Кашфи ҷасади як шаҳрванди Тоҷикистон дар манзиле дар Русия

  • 8 Август, 2014

Идораи бозҷӯйии Русия хабар додааст, ки ҷасади як шаҳрванди Тоҷикистонро дар вилояти Тулаи он кишвар пайдо кардааст.

Масъулони ин ниҳод мегӯянд, ки ҷасади ин тоҷикистониро, рӯзи 6 августи соли ҷорӣ аз манзили маскунии, воқеъ дар ноҳияи Зареческийи шаҳри Тула пайдо кардаанд.

Тибқи хабари торнамои ин ниҳод, кормандони пулис таҳқиқоти ин воқеъаро оғоз карда ва дар ҷараёни он мушшахас карданд, ки ин сокини 33-солаи Тоҷикистон аз хунрезӣ аз қисмати даст ҷони худро бохтааст.

Таҳқиқоти пулис ҳамчунин муъайян кардааст, ки ин шаҳрванд барои меҳмонӣ ба манзили маскунии ҳамсари собиқаш меояд ва миёни онҳо даъво сар мезанад.

Дар ҷараёни ин даъво ӯ бо дасташ панҷари манзилро шикаста ва аз қисмати даст ҷароҳат бардоштааст, ки мӯҷиби маргаш шудааст.

Пулиси рус ҳуввияти ин шаҳрванди Тоҷикистонро мушахас накарда ва ангезаи даъвои миёни вай ва ҳамсари собиқашро низ ифшо накардааст.